Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, моҳвораи «Сурайё»-и Созмони фазоии Эрон рӯзи шанбеи 20 январ бо моҳворабари сӯхти ҷомиди се марҳалаии “Қоим 100”-и нерӯи ҳавоии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба фазо партоб шуд.
 
Моҳвораи эронии «Сурайё» бо муваффақият дар мадори 750 километрии замин қарор гирифт.
 
Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта гомҳои пайваста ва рӯ ба пешрафтеро дар заминаи дастёбӣ ба фанновариҳои фазоӣ бардоштааст.
 
Ҳарчанд душманони Ҷумҳурии исломии Эрон бо таҳримҳои гуногун саъй кардаанд, монеъи пешрафтҳои иқтисодӣ ва илмӣ, аз ҷумла дар санъати фазоии Эрон шаванд. Аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷӯди тамоми ин маҳдӯдиятҳо ва фишорҳо, бо талоши шабонарӯзии донишмандони худ ба анвоъи фанновариҳои пешрафтаи санъатӣ ва фазоӣ даст ёфтааст, ки бояд онро муваффақияте бузург барои фарзандони Форс ва Эронзамин донист.
 
Тафовути барномаи фазоии Эрон бо дигар кишварҳои ҷаҳон ин аст, ки Эрон бар тавони дохилии худ устувор буда ва аз донишмандон ва фанноварии бумӣ ва дохилии худ баҳра ҷӯстааст.
 
«Қоим 100» аввалин моҳворабари се марҳалаии сӯхти ҷомиди сохти Эрон аст, ки тавассути донишмандони нерӯи ҳаво-фазои сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ сохта шудааст.
 
Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон ҷаноби Зореъпур бо таъйиди дарёфти сигналҳои моҳвораи “Сурайё”, муваффақияти амалиёти қароргирӣ ва коркарди ин моҳвора дар мадорро комил эълом кард.
 
Мутахассисони эронӣ пештар моҳвораҳои “Нур – 2” ва “Нур – 3” тавассути моҳворабари бумии “Қосид”, сохти Эронро бо муваффақият ба мадори 500 километрӣ аз сатҳи замин партоб карда буданд.
 
Моҳвораи “Сурайё” бо моҳворабари “Қоим – 100” тавонист рекорди қарор гирифтани моҳвора дар баландиро дар санъати фазоии Эрон тағйир диҳад.
 
Бо партоби ин моҳвораи таҳқиқотӣ, бисёре аз зерсистемаҳои тавсеаёфташуда тавассути пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон низ дар шароити тести мадорӣ қарор мегиранду роҳ барои тавсеаи фаврии санъати фазоии бумии Эрон ҳамвортар мешавад. Зимни ин, ки ин партоб қадаме муҳим дар ростои афзоиши тавонмандии тазриқи моҳвора дар мадорҳои болотар маҳсуб мешавад.
 
Беҳуда нест, ки Расули акрам(с) дар бораи талоши фарзандони Форс дар роҳи илму маърифат фармӯдаанд: Агар илм дар Сурайё бошад, онро мардумоне аз фарзандони Форс албатта ба даст меоваранд.[1]
Ё дар дар бораи ба даст овардани дин ва имони фарзандони Форс, Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) мефармоянд: Қасам ба касе, ки ҷонам ба дасти Ӯст, Агар имон дар Сурайё овезон бошад, онро мардумоне аз фарзандони Форс албатта ба даст меоваранд.[2]


[1] - Муснади Аҳмад,ҷ2, с422
[2] - Саҳеҳи Термизӣ, ҳ.3261
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст