НАВИД
baner
ПАЙВАНДҲО

Ҷустуҷӯ
جستجو Ҷустуҷӯ
بایگانی Бойгонӣ
Меҳмон
21 میهمان حاضرند
Омори боздид
بازدیدکنندگان: 98339
Пурбинандатаринҳо
** Ба сомонаи “Тоҷикон” хуш омадед** بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمـَنِ الرَّحِيمِ * الْحَمْدُ للّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ * الرَّحْمـنِ الرَّحِيمِ * مَـلِكِ يَوْمِ الدِّينِ * إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ * اهدِنَــــا الصِّرَاطَ المُستَقِيمَ * صِرَاطَ الَّذِينَ أَنعَمتَ عَلَيهِمْ غَيرِ المَغضُوبِ عَلَيهِمْ وَلاَ الضَّالِّينَ
بسم الله الرحمن الرحیم arrow علوم قرآنی Улуми қуръонӣ arrow Пажӯҳиш arrow Сухан дониста гӯ то
Сухан дониста гӯ то ساخت PDF چاپ ارسال به دوست
Сухан дониста гӯ то ...

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

>يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اسْتَجِيبُواْ لِلّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُم لِمَا يُحْيِيكُمْ<

Эй касоне, ки имон овардаед! Даъвати Худо ва паёмбарро иҷобат ва қабул кунед, ҳангоме ки шуморо ба чизе мехонад, ки барои шумо ҳаёт мебахшад.[1]



[1] Анфол 24

Аз назари Қуръони Карим ҳаёт ва зиндагии воқеӣ дар пайравӣ кардан аз фармудаҳои Худованд ва Расули Муаззамаш(с) мебошад.

 Яке аз нишонаҳои зинадгии як уммат ваҳдат ва ҳамдилии онҳост ва дар муқобил тафриқа ва ҷудоӣ сабаби нобудӣ ва ҳалокат аст. Мутаасифона имрӯз уммати мусалмон гирифтори бемории тафриқа  аст ва роҳи дармони онро бояд аз Қуръон ва суннат ҷуст. Инак ба ду намуна аз роҳҳои дармони он аз дидгоҳи ин ду чизи гаронбаҳо ишора мекунем.

1. Дар аввали Ислом, вақте ки Паёмбари Аъзам(с) барои мусулмонон оёт ва аҳкоми илоҳиро баён мекард гоҳе аз эшон мехостанд, ки каме оҳистатар сухан бигӯяд то битавонанд матолибро хуб бифаҳманд ва саволҳо ва хостаҳои худро ҳам бипурсанд. Барои ин кор аз калимаи "роъино" (аз решаи арраъй) яъне ба мо муҳлат бидеҳ истифода мекарданд, вале яҳудиён ҳамин калимаро аз решаи “арраъуна” яъне моро аҳмақ кун ё аз решаи “роъино” моро чӯпонӣ кун, маъно мекарданд. Яҳудиён бо ин дастовез мусулмононро масхара мекарданд, ки инҳо ба паёмбарашон мегӯянд: Моро аҳмақ кун. Дар ин ҳангом ин оя нозил шуд.

>يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لاَ تَقُولُواْ رَاعِنَا وَقُولُواْ انظُرْنَا وَاسْمَعُوا ْوَلِلكَافِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ< [1]

Эй мӯъминон, (ҳангоме ки барои фаҳмидани оёти Қуръон аз пайғамбар муҳлат мехоҳед) нагӯед “роъино” балки бигӯед “унзурно”, (зеро калимаи аввалӣ ҳам ба маънои  ба мо муҳлат бидеҳ аст ва ҳам ба маънои моро аҳмақ кун ва дастовези душманони шумо мешавад.) (Ва он чи ба шумо дастур дода мешавад) бишнавед ва барои кофирон ва (масхаракунандагон) азоби дардноке аст.

Аз ин оя ба хубӣ фаҳмида мешавад, ки мусулмонон бояд дар ҳамаи корҳои худ эҳтиёт кунанд ва дастовез барои душман надиҳанд. Ҳатто аз истифодаи як ҷумлаи кӯтоҳ ҳам, ки мумкин аст баҳонае ба дасти душман диҳад ва рӯҳияи мусулмононро суст кунад, парҳез кунанд.

Вақте Ислом то ин андоза иҷоза намедиҳад, ки баҳона ба дасти душман дода шавад, вазифа ва масъулияти мусулмонон дар масоили муҳим ва бузург равшан ва ошкор аст. Вале мутаасифона имрӯз хилофи ин суфориши илоҳӣ мушоҳида мешавад, ки душманони дину имон аз он баҳраҳои фаровони таблиғотӣ бар зидди мусулмонон мебаранд.[2]

2. Ҳазрати Паёмбари Аъзам(с) дар ҷумлаи кутоҳ, вале саршор аз маъно мефармоянд:

        ]المُسْلِمُ مَنْ سَلِمَ اْلمُسْلِمُوْنَ مِنْ لِسَانِهِ وَ يَدِهِ[

Мусулмон касе аст, ки мусулмонони дигар аз дасту забонаш дар амон бошанд.

Дар ин ҳадис Паёмбари Акрам(с) ба ду нерӯи муҳим яъне даст ва забон ишора кардааст, ки бояд дар хидмати саломати мусулмонон истифода шаванд.

Оё боре аз худ пурсидаем, ки мо аз кадом гурӯҳем? Аз гурӯҳе ки бо гуфтор ва рафтори насанҷидаи худ огоҳона ё  нохудогоҳ бештарин баҳонаро ба душманон медиҳем ва ҳеҷ мусулмоне аз дасту забони мо дар амон нест ё аз гурӯҳе ҳастем, ки дар гуфтор ва рафтори худ эҳтиёт мекунем ва маслиҳати уммати исломиро дар назар мегирем? Агар аз гурӯҳи аввал бошем бояд дар иддаои худ бознигарӣ кунем ва бидонем ки:

             Тарсам нарасӣ ба Каъба эй аъробӣ

Ин раҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст.

Бо таассуф бояд ёдовар шуд, ки имрӯз чи қадар суханони насанҷида ва бемаврид ва нораво аз забони касоне, ки иддаои мусулмонӣ мекунанд берун меояд, ки сабаби талафоти ҷонӣ ва молӣ барои мусулмонон ва баҳонаи муносибе барои бад нишон додани Ислом барои душманон мегардад.

Ба ҷои ин ки нерӯи уммати мусулмон дар роҳи созандагӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, эҳёи дастуроти илоҳӣ, ёфтани азамату шавкати динӣ, пешрафту тараққӣ ва ҳифзи муқаддасот ва шахсияти динӣ дар муқобили ҳамлаи ҳисобшудаи душманони дину имон  сарф шавад, баръакс бо дасти худи мо нияти шуми душманон амалӣ мешавад ва бар сари майдатарин масъала кор ба ... мерасад.

Оё вақти он нарасидааст, ки олимони мазоҳиби исломӣ ва уммати исломӣ бо риояти фармудаи холиқи ҳастӣ ва табиби ҳозиқи ҷовидонӣ -Паёмбари Аъзам(с)- бо диққат дар гуфтор ва кирдори худ ва дар назар гирифтани саломати мусулмонон роҳи расидан ба ваҳдат ва ҳамдилиро ҳамвор кунанд ва бо шинохти  афроди солеҳ ва муслиҳ ва пайравӣ аз онон ба сӯи ҳамгароӣ қадам ниҳанд ва аз баҳона додан ба душманон парҳез намоянд.

Умедворем Худованд ба ҳамаи мо тавфиқи шинохти дурусти дастуроти динӣ ва сипас  амал ба онро марҳамат кунад ва моро аз касоне, ки баҳона ба дасти душман медиҳанд нагардонад. Худоё моро аз шарри фитнаҳо дар амон дор ва моро оқибатбахайр бигардон.

 

[1] Бақара 104

[2] Бо истифода аз шаъни нузули  оя

<قبل   بعد>
 
 
 
designed by qaemsoft hosting
supported by tojikon.org website