|
Муаррифии китобҳо Дар ин ҷо китобҳоеро муаррифӣ мекунем, ки ба зудӣ чоп мешаванд.
بسم الله الرحمن الرّحيم Тарҷумаи тафсири сураи Ҳуҷурот Навиштаи устод Муҳсини ҚироатӣМуқаддима “Ва Қуръонро барои тазаккур (ва ёдоварӣ) осон кардем, оё касе ҳаст, ки панд гирад ва мутазаккир шавад?” Қуръон китоби Худост ва барои он нозил шуда аст, ки мардумро огоҳ кунад, ба талошу кӯшиш ташвиқ намояд, инсонҳоро аз гумроҳӣ наҷот диҳад, одолатро барқарор намояд ва ҷомеаро ба сӯи рушду тараққӣ роҳнамоӣ кунад. Ҳарчанд тиловати Қуръон бо садои зебо бисёр тавсия шуда аст, аммо фикру тааммул дар маонӣ ва мафоҳими Қуръон аст, ки метавонад инсонҳоро ба сӯи рушду тараққӣ роҳнамоӣ кунад. Оре, Қуръон – ин китоби осмонӣ ва фарҳангсоз - имрӯз дар дастраси ҳамагон қарор дарад ва мо ба воситаи таълимоти Паёмбари бузурги Ислом(с) ва бузургони дин метавонем муҳимтарин дастурамалҳои зиндагии иҷтимоиро аз он ба даст оварем.
Симои сураи Ҳуҷурот Ин сура дар Мадина нозил шуда аст ва дорои 18 оят мебошад ва ба номи сураи “Ҳуҷурот” ё сураи “Одобу ахлоқ” машҳур аст. “Ҳуҷурот” ба маънои ҳуҷраҳо аст ва чун дар ин сура номи ҳуҷраҳои Паёмбари Акрам(с) бурда шуда аст, ки хеле сода буданд, ин сура “Ҳуҷурот” номида шуда аст. Оғози се сураи Қуръон; Моида, Ҳуҷурот ва Мумтаҳина, ки дар бораи масоили иҷтмоӣ аст бо хитоби “Эй касоне, ки имон овардаед” шурӯъ шуда аст. Дар ин сура ба хотири он ки чанд бор пай дар пай ҷумлаи “Эй касоне, ки имон овардаед” омадааст, симои як ҷамеаи исломиро тасвир мекунад. Дар ин сура масоиле баён шуда аст, ки дар сураҳои дигар нест. Аз ҷумла: 1.Пешӣ нагирифтан аз Паёмбар(с) ва одоби ҳамнишинӣ бо он ҳазрат ва ҳушдор ба беадабон. 2.Масхара кардан ва лақаби бад додан, бадгумонӣ, таҷассус ва ғайбат кардан дар як ҷомеаи исломӣ ҳаром шуморида шуда аст. 3.Ухувват ва бародарӣ, сулҳу оштӣ додан миёни мусулмонон, муборизаи умумӣ бо бадкорон, миёнҷигарии одилона, таҳқиқ дар бораи хабарҳое, ки афроди машкук меоранд ва ин ки чӣ чизе сабаби бартарии инсон дар назди Худо мешавад, дар ин сура омадааст. 4.Дар ин сура омадааст, ки ончи ки ба инсон арзиш медиҳад тақво аст, ончи ки назди Худо хубу дӯстдоштанӣ аст, имон аст ва ончи, ки назди Худо манфур аст куфру фисқу гуноҳ аст ва меҳвари ҷомеаи солим адолат аст. 5.Ҷомеаи имонӣ дар ин сура мадюни Худо ва ошиқи Паёмбар(с) аст ва ҳаргиз имон овардани худро бар Худову Расул(с) миннат намекунад. 6.Дар ин сура омадааст, ки ҷомеаи мусулмонон бояд тобеи Паёмбар(с) бошад, на ин ки Паёмбар(с) тобеи мардум. Савоби тиловати сураи Ҳуҷурот Дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам(с) омадааст: "Ҳар кас сураи Ҳуҷуротро бихонад ба адади тамоми касоне, ки Худоро итоат ё исён кардаанд, даҳ ҳасана ба ӯ дода мешавад”. Дар ҳадиси дигар аз Имом Содиқ(а) омадааст, ки “Ҳар касе сураи Ҳуҷаротро дар ҳар шаб ё ҳар рӯз бихонад аз зоирони ҳазрати Муҳаммад(с) хоҳад буд”. Аммо бояд инро ҳам бидонем, ки ин савобҳои бузург ба шарте ба хонандаи ин сура дода мешавад, ки бар асоси он амал кунад ва дастурамалҳои онро дар зиндагии худ ба кор барад.
Нуктаҳо •Ин сура низ монанди дигар сураҳо ба номи Худованд оғоз шуда аст, зеро дар ҳадисе омадааст: “Ҳар кори муҳимме, ки бо номи Худованд оғоз нагардад, нофарҷом аст”. Оре, дар оғози ҳар коре инсон ниёз дорад, ки раҳмати густардаи Худованд ӯро ёрӣ кунад ва ин ниёз бо ҷумлаи мубораки “Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим” бартараф мешавад. “Бисмиллоҳ” гуфтан дар аввали корҳо нишонаи имон ба Худо, ишқ ба Худо, ёди Худо, таваккул бар Худо ва ранги худоӣ додан ба корҳо мебошад. Тарҷумаи тафсири сураи ЛуқмонНавиштаи устод Муҳсини Қироатӣ Муқаддима Агар инсон ба роҳнамое эҳтиёҷ дошта бошад, китоби осмонии Қуръон имом ва роҳнамо аст. Агар инсон ба мураббӣ ва муаллим эҳтиёҷ дошта бошад, китоби осмонӣ мураббӣ ва муаллим аст. Агар дар торикиҳо ба нур эҳтиёҷ бошад, Қуръон нур аст. Агар ҷомеа ба қонун ва адолат эҳтиёҷ дошта бошад, Қуръон китоби адл ва қонун аст. Агар инсон ба умед эҳтиёҷ дошта бошад, Қуръон ҳамааш башорат ва умед аст. Агар инсон ба истидлол, мантиқ ва бурҳон эҳтиёҷ дошата бошад, Қуръон далелу бурҳон аст. Агар инсон ба наҷотдиҳанда эҳтиёҷ дорад, Қуръон байрақи наҷот аст. Агар инсон ба тааққул ва тафаккур этҳиёҷ дошта бошад, Қуръон василаи тааққул ва тафаккур аст. Агар инсон аз паи роҳи рост аст, роҳи Қуръон каҷӣ надорад. Агар инсон ба панду насиҳат эҳтиёҷ дошт, Қуръон панд ва мавъиза аст. Агар инсони дардманд ба дорую дармон эҳтиёҷ дошт, Қуръон беҳтарин дору ва дармон аст. Агар инсон ба оромиш эҳтиёҷ дошта бошад, Қуръон, зикри илоҳӣ ва танҳо оромбахши дилҳост. Ва агар инсон ба тамоми баракот, камолот ва донишҳо эҳтиёҷ дошта бошад, Қуръон ҷомеи тамоми баракот, камолот, донишҳо ва сарчашмаи ҳамаи некиҳост. Бешак баҳраманд шудан аз он ҳама таъсирҳо ба шарте аст, ки инсон бихоҳад аз нур, адолат, мавъиза, дору, муаллим ва ғайра истифода кунад. Аммо агар бар чашми руҳи худ пардаи ғафлат андозад ва худро ба хоб занад аз он ҳама баракот баҳрае нахоҳад бурд. Ончи Қуръон аз мо мехоҳад, тиловат, тадаббур, амал ва таблиғ аст. Мо набояд ҳатто барои лаҳзае беҳаракат монем, Қуръон мефармояд: Эй мӯъминон! Имон оваред, - яъне ба имони худ қувват бахшед. Қуръон ба сабркунандагон хабари биҳишт медиҳад, аз сабркунандагон мехоҳад доираи сабри худро васеъ кунанд ва аз марҳалаи собирон ба марҳалаи бисёр сабркунандагон пой ниҳанд. Агар рӯзеро барои ёдгирӣ, рӯхонӣ ва ҳифзи Қуръон дар назар гирифтем бояд рӯзи дигарро барои тарҷума, рӯзи пас аз онро барои тадаббур ва рӯзи дигарро барои амал ва таблиғ қарор диҳем. Чанд сол аст, бо ирода ва алтофи илоҳӣ ситоди тафсири Қуръони Карим ташкил ва биҳамдиллоҳ қадамҳое дар саҳнаи гуногун бардошатааст, ки аз он ҷумла метавон ба мавридҳои зер ишора намуд: 1.Даъват намудони ҳазорон донишҷӯи динӣ ҷавон дар мутолиаҳо ва мусобиқаҳои тафсирӣ бо истифода аз вақтҳои таътилии мактабҳои олӣ. 2.Баргузории мусобиқоти чандсад ҳазор нафарии тафсир бо интихоби сураҳои Юсуф, Ҳуҷурот, Қасас, Исро ва сураи Луқмон барои ҳамаи мардум. 3.Пайгирии густариши баҳсҳои тафсирӣ дар садо ва симо. 4.Даъват аз уламо ва фузалои саросари кишвар барои баргузории ҷаласаҳои тафсирӣ дар минтақаи худ. 5.Додани китобҳои тафсирӣ бо нархи арзон. 6.Озод гузоштани чопи китобҳои тафсирӣ барои ҳар ниҳоде, ки мақсади моддӣ надошта бошад. Симои сураи Луқмон Ин сура, аз сураҳои Маккӣ аст ва ба муносбати номи Луқмон, ки дар тамоми Қуръон танҳо ду бор он ҳам дар ин сура омадааст, Луқмон номида шудааст. Ин сура аз он ҳафт сурае аст, ки бо ҳуруфи муқаттааи – алиф, лом, мим - оғоз мешаванд. Муҳтавои сураи Луқмонро метавон дар ин мавридҳо хулоса намуд: Равшан сохтани азамат ва аҳамияти Қуръон дар ҳидОяти башар. Тақсими инсонҳо ба некӯкор ва мустакбир ва баёни сарнавишти онон. Баёни қисмате аз муъҷизаҳои илмии Қуръон, аз ҷумла қонуни ҷозиба ва дугонагии гиёҳон. Насиҳатҳои ҳакимонаи Луқмон ба фарзандаш. Далелҳои имон овардан ба рӯзи қиёмат. Баёни улуме, ки махсуси Худованд аст, монанди замони марг ва барпоии қиёмат. Тарҷумаи тафсири сураи ЁсинНавиштаи устод Муҳсини Қироатӣ Ҳамоно ин Қуръон ба маҳкамтарин роҳ ҳидоят мекунад. Қуръони Карим аз оғози нузул то ба имрӯз ҳамеша мавриди тавҷҷӯҳи андешамандон ва мутафаккирон буда ва аз ҷиҳатҳои гуногун ба тадаббур ва тафаккур дар он пардохта ва аз ин раҳгузар а сарҳои гаронқадре аз худ ба ёдгор гузоштаанд. Дар тӯли таърих зиёдтарин шарҳ ва тафсир ба Қуръони Маҷид навишта шудааст ва ин китоб танҳо китоби осмониест, ки бе ҳеҷ нуқсон ва зиёдие дар замин боқӣ мондааст. Оятҳояш монанди ситорагони осмон аҳли заминро ба роҳи рост роҳнамоӣ мекунад ва дар даруни оятҳои нуронии он қонуни зиндагии мусалмонон вуҷуд дорад. Барои хуб фаҳмидани Қуръон бояд оятҳои онро ба тавре баён кунем, ки барои ҳама қобили фаҳм бошад. Бе далел нест, ки андешамандони бузурге ҳамчун Аллома Таботабоӣ муаллифи тафсири “Алмизон” ба нигориши тафсири нав аз Қуръон дар ҳар чанд сол якбор таъкид кард аст, ки ин эътироф нишон аз ғанӣ будани мафоҳими Қуръони Карим ва азамати маъонии он дорад.
Симои сураи Ёсин Ин сура дар Макка нозил шуда ва ҳаштоду се оят дорад ва ба номи аввалин ояташ, ки аз ҳарфҳои муқаттаа аст номгузорӣ шудааст. Матолиби ин сура дар бораи ақоид аст. Ёд додани он ба фарзандон ва ҳадя кардани савоби қироати он ба мурдагон супориш шудааст. Ин сура ба гувоҳии Худованд ба рисолати пайғамбари Ислом оғоз ва бо баёни рисолати се тан аз пайғамбарони илоҳӣ идома меёбад. Дар бахше аз ин сура ба баъзе аз оятҳои азамати Парвардигор дар ҳастӣ ҳам чун нишонаҳои тавҳид ишора шуда ва дар бахши дигар масъалаҳои марбут ба охират, саволу ҷавоб дар додгоҳи қиёмат ва хусусиятҳои биҳишт ва дузах баён шудааст.
|