Ва баъзе аз мардум, харидори суханони беҳуда ва пуч ҳастанд, то ба ҳамон беилмияшон (дигаронро) аз роҳи Худо гумроҳ кунанд ва онро ба масхара гиранд; барои онҳо азоби хоркунанда дар пеш аст.
و من الناس من یشتری لهو الحدیث لیضل عن سبیل الله بغیر علم و یتخذها هذوا* اولائک لهم عذاب مهین / 6 - لقمان Ва баъзе аз мардум, харидори суханони беҳуда ва пуч ҳастанд, то ба ҳамон беилмияшон (дигаронро) аз роҳи Худо гумроҳ кунанд ва онро ба масхара гиранд; барои онҳо азоби хоркунанда дар пеш аст.
Нуктаҳо: Калимаи “лаҳв” ба маънои чизе аст, ки инсонро аз мақсади муҳиммаш нигоҳ медорад. Лаҳв – ул – ҳадис ба сухани беҳудае гӯянд, ки инсонро аз ҳақ нигоҳ дорад, монанди ҳикояҳои хурофӣ ва достонҳое, ки инсонро ба фасод ва гуноҳ мекашад. Ин бероҳагӣ гоҳе ба хотири муҳтавои сухан аст ва гоҳе ба хотири асбоб ва мулозимоти он аз қабили оҳанг ва умури ҳамроҳи он. Шахсе ба номи Назр ибни Ҳорис аз Ҳиҷоз ба Эрон сафар мекард, афсонаҳои Эронӣ – монанди афсонаҳои Рустам ва Исфандиёр ва саргузашти подшоҳонро омӯхта ва барои мардуми араб нақл мекард ва мегуфт: агар Муҳаммад барои шумо достони қавми Од ва Самудро мегӯяд, ман низ қиссаҳои аҷамро нақл мекунам. Ин оят нозил шуд ва кори ӯро равиши бероҳагӣ донист. Баъзе аз муфассирон дар шаъни нузули ин оят гуфтанд: Касоне ҳастанд, ки канизҳои овозхонро мехариданд то барояшон суруд бихонанд ва аз ин роҳ мардумро аз шунидани Қуръон ба воситаи Паёмбар нигаҳ медоштанд, ки Ояти боло дар бадгӯии чунин шахсоне нозил шуд. Ин оят ба яке аз муҳимтарин чизи гумроҳкунанда, ки сухани ботил аст, ишора намудааст. Дар оятҳои дигаре аз Қуръон ба баъзе дигар аз чизҳое, ки мардумро гумроҳ мекунанд ишора шудааст, ки баъзе аз инҳо иборатанд: а) Тоғут , гоҳе ба таҳқир ва гоҳе ба тарсонидан мардумро бероҳа мекунанд . б) Шайтон, ки бо васвасаҳояш инсонро гумроҳ мекунад . в) Олим ва ҳунарманди гумроҳ, ки бо истифода аз дониш ва ҳунараш дигаронро гумроҳ мекунад. г) Қудратмандон ва сарватмандон, ки бо истифода аз қудрат ва сарват мардумро аз роҳи ҳақ мегадонанд. д) Гӯяндагон ва хонандагон, ки мардумро саргарм карда ва ононро аз хақ ва хақикат боз медоранд.
Паёмҳо: 1. Сармоягузори барои мубориза ва таҳоҷуми фарҳангӣ бар зидди ҳақ, собиқаи дурудароз дорад:
وَ مِنَ النَّاسِ مَن يَشترِى لَهْوَ الْحَدِيثِ
2. Ҳарчӣ дар муқобили ҳукумат қарор гирад, беҳуда ва монеи расидан ба камол аст.(Тааҷҷуб аз касоне, ки ҳукумати беминнати Паёмбари Ислом(с) партофтанд ва аз қафои харидани чизхои беҳуда аз касони ба аҳамаият мебошанд:
لكِتابِ الحَكِيم - لَهْوَ الْحَدِيثِ
3. Василаи мухолифони роҳи Худо, мантиқ ва ҳукумат нест, суханони беҳуда ва бепоя аст:
مَن يَشترِى لَهْوَ الْحَدِيثِ لِيُضِلَّ عَن سبِيلِ اللَّهِ
4. Хариди асбобҳои беҳуда ва корҳое, ки инсонро аз камол нигаҳ медорад, нишонаи ҷаҳолат ва нодонист:
يَشترِى لَهْوَ الْحَدِيثِ... بِغَيرِ عِلْمٍ
5. Касе, ки кори бад мекунад ҷазои бад дода мешавад ва касе, ки кори нек мекунад подоши нек дода мешавад ва ин нишонаи адолат аст. Онҳо, ки ҳақро бо масхара паст мешуморанд, азобашон зиллатбор аст:
لهَُمْ عَذَابٌ مُّهِينٌ.... يَتَّخِذَهَا هُزُواً
Дурӣ аз сухан ва маҷлиси ботил Аз дидгоҳи Ислом оҳангҳое, ки муносиб бо маҷлисҳои фисқу фуҷур ва гуноҳ бошад ва нафси шаҳвониро таҳрик намояд, ҳаром аст, вале агар оҳанг нафси шаҳвониро таҳрик накунад, аксари фуқаҳо мегӯянд: шунидани он ҷоиз аст. Имом Боқир(р) фармуд: ғино ва мусиқӣ ва мусиқӣ аз қисми гуноҳоне аст, ки Худованд барои он ваъдаи оташ додааст, баъд ин оятро тиловат фармуд: »Ва баъзе аз мардум, харидори суханони беҳудаанд ..«. . Бинобар ин ғино ва мусиқӣ ва мусиқӣ аз гуноҳи кабира аст, зеро гуноҳони кабира ба гуноҳе гуфта мешавад, ки дар Қуръон барои он ваъдаи азоб дода шудааст. ﴿و اجتَنِبُوا قَولَ الزّور﴾ “Аз сухани ботил дурӣ кунед” . Имом Содиқ(а) фармуд: Мурод аз “қавли зур” овозхонӣ ва ғино ва мусиқӣ аст. Аз Имоми Содиқ ва Имом Ризо(р) низ нақл шудааст, ки яке аз шохаҳои “сухани беҳуда” дар сураи Луқмон, ғино ва мусиқӣ мебошад. Дар ривоёт мехонем: Ғино ва мусиқӣ руҳи нифоқро парвариш медиҳад ва фақру бадбахтӣ меоварад. Занони овозхон ва касе, ки ба онҳо музд медиҳад ва касе, ки он пулро харҷ мекунад, мавриди лаънат қарор гирифтаанд, ҳамон гуна ки омӯзиши занони хонанда ҳаром аст. Хонае, ки дар он ғино ва мусиқӣ бошад, аз марг ва мусибати дарднок дар амон нест, дуо дар он хона мустаҷоб намешавад ва фариштагон дар он хона дохил намешаванд.
Асар ва натиҷаи ғино ва мусиқӣ 1 -Ривоҷ додани фасоди ахлоқӣ ва дур шудан аз руҳи тақво ва рӯй овардан ба шаҳват ва гуноҳ то он ҷое, ки яке аз бузургони Бани Умайя (бо он ҳама олудагӣ) инро қабул дорад, ки ғино ва мусиқӣ ҳаё ва шармро кам ва шаҳватро зиёд мекунад, шахсияти инсонро аз байн мебарад ва ҳамон кореро мекунад, ки арақ мекунад. Баъзе инсонҳо аз роҳи нӯшидани арақ ва ё истеъмоли ҳероин ва ғайра метавонанд худро вориди дунёи бехаёлӣ ва бепарвоӣ кунанд, баъзе ҳам аз роҳи шунидани суханони ботил ва шаҳватовари як сароянда ғайрати худро нодида мегиранд ва дар дунёи бепарвоӣ зиндагӣ мекунанд. 2- Ғафлат аз Худо, ғафлат аз вазифа, ғафлат аз бечорагон, ғафлат аз оянда, ғафлат аз имконот ва истеъдодҳо, ғафлат аз душманон, ғафлат аз нафс ва шайтон. Инсони имрӯз бо ин ҳама пешрафт дар илм ва техналогия, дар оташе, ки аз ғафлати ӯ сарчашма мегирад, месӯзад. Оре, ғафлат аз Худо, инсонро то марзи ҳайвоният, балки поёнтар аз он пеш мебарад.
اولئك كالانعام بل هم اضل اولئك هم الغافلو
Имрӯз истеъморгарон барои машғул кардани насли ҷавон аз ҳамаи имконот аз ҷумла ривоҷ додани оҳангҳои беарзиш аз роҳи асбобҳои ҳархела ва амвоҷ, барои расидани ҳадафи истеъмории худ истифода мекунад. 3- Асари зиёнбори мусиқӣ бар асаби инсон, бар касе пушида нест. Дар китоби таъсири мусиқӣ бар руҳ ва асабҳо, нукоти муҳиме аз баёни зиндагӣ ва оқибати бади навозандагони асбобҳои мусиқӣ ва гирифтории оноҳо ба бемориҳои гуногуни руҳӣ ва сактаҳои ногаҳонӣ ва бемориҳои қалбӣ ва ҳаракатҳои номуносиб зикр шудааст, ки барои аҳли фаҳм ҷои андеша ва фикр аст.
Баргирифта аз тарҷумаи тафсири С.Лурқмони устод Қироатӣ / мутарҷим: Муҳаммадуллоҳ Ҳалим |