|
آیا می خواهی شوهرت مشتاق دیدارت باشد؟ |
|
|
|
Роҳе барои зиндагии солим ва ширини зану шавҳар Сухане чанд бо касоне, ки мехоҳанд зиндагии онҳо бо шавҳаронашон ширин ва дар айни замон поку исломӣ бошад!nahzat.tj/Бобоҷон Қаюмзод
Мақолае дар боби зиндагии зебо ва поку исломӣ дар маҷалаҳо ва сайтҳо имруза зиёд шудаанд, ки албатта бояд аз диди ислом ва шариъат ба онҳо нигарист то дар доми фиребкориҳои ба истилоҳ равоншиносону илмгароён гирифтор нагардем, чуноки бо ин равишҳо то кунун миллату фарҳангҳоро аз аслу насаби худ дур кардаанд ва фарҳанге ба номи илмӣ аммо зидди инсонӣ ва исломиро ҷойгузин мекунанд. Нависанда бо зикри шиво ва равоне, ки дорад муҷмале аз роҳҳои ирзоъ ва хушнуд намудани шавҳаронро ба дасти ханҳояшон баён намуда аст, ки татбиқу таъйидашро ба уҳдаи хонандагон мегузорем ва онро тақдим менамоем. Бошад, ки ҷавон духтарону ҷавонписарони мусалмон ва поки Тоҷик дар ояндае на дур, соҳибони зиндагии поку пурсамар ва маънавӣ ҳамчун Расули Раҳмат Муҳаммади Мустафо ва модарони муъминон азвоҷи покаш бошанд, ки ояндаи миллат дар домони поку афиф ва маънавии модарони он хобида аст.
Оё мехоҳед шавҳаратон муштоқи дидоратон бошад? Маъмулан шумо кай ба назди оина меравед? Ҳамон вақте, ки аз хона берун меравед ё ба хонаатон меҳмон меояд, ё вақте ки ба меҳмонӣ меравед. Кай суханони зебо ва муҳтарамона мегӯед? Вақте ки бо телефон бо ягон хеши дур ва ё ношинос суҳбат мекунед, ё вақте ки бо ягон шахси аз худатон пулдортар ва ё мансабдор гап мезанед. Агар мехоҳед ишқ ва ҷозибаи рӯзҳои аввали издивоҷатон ба афсонаи буд-набуд будгор буд табдил нашавад ва ҳамчунон шавҳаратон барои дидани шумо муштоқ бошад ва шумо муҳимтарин кас дар зиндагии ӯ бошед, беҳтар аст рафторатонро дар рӯзҳои аввал ба ёд оваред. Умедворам зеботарин суханони зиндагиатонро ба наздиктарин шахси зиндагиатон бигӯед ва дилнишинтарин рафторҳоятонро барои касе намоиш диҳед, ки вазифа доред барояш дилнишин бошед. Инки шумо ҳар рӯз ҳамдигарро мебинед далели он намешавад, ки шумо барои якдигар онқадар такрорӣ шудаед, ки дигар якдигаратонро набинед. Будан ё набуданатон барои ҳам аҳамият надошта бошад. Мутмаин бошед ҳануз ҳам агар бо зоҳири ороста ба истиқболи ҳамсаратон биравед, ба ӯ хуш омадед бигӯед ва гуфтугӯ ва нишасту бархосту усули ҷаззобияти бештарро риоят кунед, шавҳаратон бо вуҷуди доштани кору бори зиёд ва фарзандон бо шумо рафтори дигаре хоҳад дошт. Яқинан ончи боиси ҷазби бештар мешавад ахлоқи нек, хушрӯӣ ё чеҳраи боз, гузашт, дарки эҳсосоти шавҳар, хушсухан будан ва ибрози муҳаббат кардан аст. Инчунин рафторҳое, ки шавҳари шумо онҳоро меписандад. Аммо ончи мавриди назари мост ва мутаассифона дар бонувони азизи хонадор камтар ба чашм мерасад ин зебопушӣ, хушрӯӣ ва хушсуханӣ аст. Агар дини ислом имрӯз занонро аз худнамоӣ дар ҷамъ манъ мекунад ва мардонро ба ҳифзи нигоҳашон амр мекунад, ба хотири ҳифзи конуни хонавода аст. Яъне зан дар хона барои шавҳараш бояд худнамоӣ кунад. Бояд зинати худро барои шавҳараш пешкаш кунад. Либоси зебо пушидан, атри хуб истифода кардан, ороиш (касметика) кардан зебоиҳои андоми худро ба ӯ намоиш додан вазифаи ҳар яки шумо бонувони муҳтарам аст. Бонувони муҳтарам бояд аз дурии шавҳаронашон шикоят накунанд, зеро онҳо метавонанд бо омӯхтани роҳҳои ҷазби шавҳарон қалби онҳоро тасхир кунанд. Агар шумо молики қалби шавҳаратон бошед ӯ дар ҳаркуҷое, ки бошад муштоқи дидори шумо хоҳад буд ва дер ё зуд ба сӯи шумо хоҳад омад. Махсусан ҳангоми суҳбат кардан бо телефон ба ҳамсаратон ибрози муҳаббат намоед. Ба ҷои шиква ва ҷанҷол бо ӯ қалби ӯро ҳадафи муҳаббати худ қарор диҳед. Зеро лашкари муҳаббат фотеҳи сарзамини дилҳост. Бонувони муҳтарам гоҳе ба хотири хурофот ва гоҳе аз рӯи шарму ҳаёи беҷо ба шавҳарони худ ибрози муҳаббат намекунанд, дар ҳоле ки худованд ва паёмбараш онҳоро ба ин кор амр кардаанд. Бонувони муҳтарам оё медонед шавҳаронатон чаро муштоқи дидори шумо нестанд? Оё медонед чаро вақте аз шумо дур шаванд зуд ба фикри зани дигаре мафтанд? Оё медонед чаро шуморо фаромӯш мекунанд? Барои онки онҳо ташнаи муҳаббат ва меҳрубонӣ ҳастанд. Онҳо ба зебоӣ ва зинати занони дигар ҷазб мешаванд зеро онро дар шумо надидаанд. Барои мисол хеле аз мардони мо барои кор ба Русия мераванд ва дар онҷо бо занони Русе издивоҷ мекунанд, ки аз худашон бузургтаранд. Ман аввалан аз шумо бонувони азиз узр мехоҳам, вале ин воқеиятро бояд бигӯям, ки шавҳарони шумо дар он занони пир чизеро меёбанд, ки дар шумои ҷавонтар аз худаш наёфтааст. Меҳру муҳаббат, зебоӣ, зинат ва хушсухании онҳост, ки шавҳарони шуморо тилисм кардааст. Пас агар мехоҳед шавҳаратон ба тилисми занони дигар наафтад лозим нест ба назди фолбину ҷодугар равед, кофист худатон ӯро ба тилисми муҳаббататон гирифтор намоед. Бо калимаҳои сеҳромез ба ӯ ибрози муҳаббат намоед то дилаш дар ихтиёри шумо бошад. Калимаҳои азизам, ҷонам, дӯстат медорам, худатро эҳтиёт кун, маро бубахш ва ғайра ҳамон калимаҳои сеҳрангез мебошанд. Пас шумо ҷаззобтарин зан дар хона бошед, то натиҷаашро дар рафтори шавҳаратон мушоҳида намоед.
http://nahzat.tj Бобоҷони Қаюмзод |