НАВИД
baner
ПАЙВАНДҲО

Ҷустуҷӯ
جستجو Ҷустуҷӯ
بایگانی Бойгонӣ
Меҳмон
20 میهمان حاضرند
Омори боздид
بازدیدکنندگان: 98339
Пурбинандатаринҳо
** Ба сомонаи “Тоҷикон” хуш омадед** بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمـَنِ الرَّحِيمِ * الْحَمْدُ للّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ * الرَّحْمـنِ الرَّحِيمِ * مَـلِكِ يَوْمِ الدِّينِ * إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ * اهدِنَــــا الصِّرَاطَ المُستَقِيمَ * صِرَاطَ الَّذِينَ أَنعَمتَ عَلَيهِمْ غَيرِ المَغضُوبِ عَلَيهِمْ وَلاَ الضَّالِّينَ
بسم الله الرحمن الرحیم arrow ازدواج Издивоҷ arrow Издивоҷ arrow سنت ولیمه دادن در مراسم و عروسی ها
سنت ولیمه دادن در مراسم و عروسی ها ساخت PDF چاپ ارسال به دوست
Эмомалӣ  Алӣ
 قال رسول الله (ص):
لا وَلِیمَةَ الا فی خَمس  فی عُرسٍ اَو خرس اَو عِذارٍ او وِکارٍ او رکازٍ
  Валима ва таъом додан ...,  паёмбари Ислом(с) ин корро дар маросими издивоҷи ҳазрати Алӣ ва Фотима бо додани таъом ба мардум...
Яке аз суннатҳои хуби мусалмонони кишвари азизамон, ки аз суннату рафтори Расули раҳмат Муҳаммади Мустафо ва асҳобу хонаводааш гирифта шуда аст, Валима мебошад. Валима дар дини Ислом ҳамчун суннати Паёмбарон омада аст, ки ҳар миллату фарҳанг дар чорчубаи дин метавонад онро иҷро ва анҷом диҳад.
Нависанда дар ин мақола нигоҳе дорад ба масъала ва ҷонибҳои он.


Ба номи Худо

Валима
  Валима ба маънои таъом додан ба ҳангоми Тӯй, Арусӣ ва дигар маросимҳо мебошад. Валима ва таъом додан ба ҳангоми издивоҷ аз суннати Паёмбарон буда аст, ки паёмбари Ислом(с) ҳам ба ҳангоми издивоҷ бо ҳамсаронаш валима медоданд.  Паёмбар ба ҳангоми издивоҷи духтараш ҳазрати Фотима(р) бо ҳазрати Алӣ(а), ба ҳазрати Алӣ(а) фармуданд: Эй Алӣ ба эҳтироми ҳамсарат Фотима ғазои хубе омода кун, гушт ва нонашро ман медиҳам ва хурмо бо равғанашро шумо фароҳам кунед ,... Нони зиёде пухтанд ва гусфанде зибҳ карданд ва худи Паёмбар(с) дар омода кардани ғазо кумак карданд. Пайғамбар(с) ба Алӣ(а) фармуданд: бирав ва ҳар касро дуст дорӣ, доъват кун. Алӣ(а) ба масҷид рафт ва ҳамаро барои ғазохурӣ даъват карданд, ки аксари даъватшудагонро фақирон ташкил медоданд. Меҳмонон зиёд буданд ва тарси он мерафт, ки ғазо ба ҳама нарасад ба ҳамин хотир Пайғамбар(с) дуое карданд ва ба баракати дуои Он ҳазрат(а) ғазо бо ҳама расид ва ҳатто ғазо ҳам изофа (боқӣ) монд ва Паёмбар фармон доданд, ки ғазои боқимондаро ба фақирон ва дармондагоне, ки ба сабабҳое натавонистанд ба валимаи духтараш Фотима биёянд, бифиристанд.
  Мо пайравони он ҳазрат(с) аз валима доданаш дар тӯйи араусии духтараш Фотима чунин ахлоқеро ибрат мегирем:

1-    Дар маросими шодӣ мисли тӯйи арусӣ аз фақирон низ дъват кунем ва дар маросиме, ки фақат бойҳо ва пулдорон даъват шуда, даъваташонро иҷобат накунем.
2-    Тамоми маросим, чи шодӣ бошад ва чи ғам, бояд ба таври сода баргузор кунем то фақирон бо хотири надоштани моли кофӣ барои баргузории як маросими бо шукуҳ, хиҷолатзада ва шармсор нашаванд.
3-    Дар сурати фақир будани хонводаи домод, падари арус валимаи духтарашро ба уҳда бигирад.

Пайғамбар(с) дар мавриди инки чи валимаҳое мустаҳаб аст, мефармоянд:
لا وَلِیمَةَ الا فی خَمس   فی عُرسٍ اَو خرس اَو عِذارٍ او وِکارٍ او رکازٍ
тарҷума. Валима  нест магар дар панҷ чиз: Тӯйи арусӣ, таваллуди фарзанд, хатна, хариди хона ва баргашт аз ҳаҷ.

Тӯйи арусӣ

  Аз назари илми тиб саломатии организми шахсе, ки ғазои худро ба сурати дастаҷамъӣ ва бо шодӣ ва ханда мехурад бо шахсе, ки ғазои худро ба танҳоӣ ва ғаму ғусса мехурад фарқ дорад. Шодӣ, хурсандӣ ва ханда сабаби мутаодил шудан ва хуб кор кардани организми инсон мешавад ва шодӣ ва ханда ҳангоми ғазо хурдан сабаби ҷилавгирӣ аз бисёре бемориҳо, мисли меъдадард, дилдард ва ғайра мешавад аммо хурдани ғазо ба танҳоӣ ва бе ханда сабаби номутаодилӣ дар организм шуда ва инсон дучори нороҳатӣ мешавад.
  Ҳамчунин вақте мо, ду коргарро дар назар мегирем, ки яке бо ханда ва нишот корҳои худро анҷом медиҳад бо коргаре, ки ханда дар лабонаш нест, фарқ дорад. Аввалӣ ба хотири ханда ва нишоташ дер хаста мешавад аммо шахси дуюм ба хотири надоштани ханда бар лабонаш ва бенишотиаш зуд монда аз кор мегардад.
  Вақте, ки шодӣ ва ханда дар вуҷуди мо ин ҳама фоида ва асарҳои хуб дорад, чаро аз ин омили саламатӣ истифода накунем? Шояд гузаштагони мо аз фоидаҳои шоддӣ ва ханда бохабар буданд, ки рузҳоеро барои шод будан мисли ид, тӯйи, арусӣ, зодруз ва ғайра мушаххас кардаанд.
  Тӯйи арусӣ яке аз маросимҳое аст, ки илова бар шод будани арус ва домод, боиси шодӣ ва ханда дар дигарон мешавад ва ҳадисҳое дар ин замина вуҷуд дорад, мисли ин ҳадиси шариф: агар касе бо шодии худ, ханда бар лаби бародари муъминаш биёварад ва ӯро шод кунад, подоши ӯ аз чандин ибодати муҳим, бештар аст.
  Тӯйи арусӣ як рузи шодӣ ва хурсандӣ аст, ки ҳамаи хешовандон, дӯстон ва ҳамсоягони арус ва домод бояд шод бошанд аммо Худованд ба хотири шод будани мо, ҳеҷ вақт иҷоза намедиҳад даст ба анҷоми карҳои ҳаром занем ҳамчун исроф дар ғизоҳои омода шуда, рехту пошҳои нозарур, майхорӣ, рақси занон бо мардон, овардани сароянда ва раққос ва дигар корҳои ҳаром. Чунки кори ҳаром сабаби дур кардани баракат ва раҳмати Худованд аз худ ва дигарон аст, чаро бо анҷоми корҳои ҳаром дар тӯйҳо ба ҷои дуъои хайр дар ҳаққи арусу домод ва ё додани мол ё пуле барои бартараф кардани мушкиле аз зиндагияшон, сабаби дур шудани баракат ва раҳмати Худованд аз зиндагии арусу домод мешавем?
  Бо умеди хурсандӣ ва шодӣ дар тамомии зиндагии инсонҳо ҷорӣ бошад ва уммате пок ва худотарс бо тӯйҳои шоду масарратбахш.
Эмомалӣ   Алӣ
بعد>
 
 
 
designed by qaemsoft hosting
supported by tojikon.org website