|
Сухан дониста гӯ то ... Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд: >يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اسْتَجِيبُواْ لِلّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُم لِمَا يُحْيِيكُمْ< Эй касоне, ки имон овардаед! Даъвати Худо ва паёмбарро иҷобат ва қабул кунед, ҳангоме ки шуморо ба чизе мехонад, ки барои шумо ҳаёт мебахшад. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
Ба номи Худо
Худованд дар Қуръон мефармояд: ﴿يَسْئَلُونَكَ عَنِ الْخَمْرِ وَ الْمَيْسِرِ قُلْ فيهِما إِثْمٌ كَبيرٌ وَ مَنافِعُ لِلنَّاسِ وَ إِثْمُهُما أَكْبَرُ مِنْ نَفْعِهِما وَ يَسْئَلُونَكَ ما ذا يُنْفِقُونَ قُلِ الْعَفْوَ كَذلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآياتِ لَعَلَّكُمْ تَتَفَكَّرُونَ﴾. Аз ту дар бораи шароб ва қимор мепурсанд, бигӯ: Дар он ду гуноҳ (ва зиёни) бузург ва фоида барои мардум аст, вале гуноҳи он ду аз фоидаи онҳо бузургтар аст.
ارسال یادداشت (0یادداشت) |
|
ادامه مطلب ...
|
|
Назорати Илоҳӣ
Он рӯз имтиҳони забони англисӣ доштем. Муаллима Амирӣ гуфт: Бачаҳо! Имрӯз ба лабароторияи забон меравем ва имтиҳон низ ҳамон ҷо баргузор мешавад. Ҳама ба лабаротория рафтем. Варақаҳои имтиҳонӣ ба донишомӯзон дода шуд. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Эътиёди интернетӣ
Чашмонаш варам карда аст. Чеҳрааш хаста аст. Вақте, ки ҳама хобанд ӯ бедор аст ва вақте ҳама бедоранд ӯ хамёза мекашад. Дар корҳояш ҳавосаш ҷамъ нест. Ҳавсала надорад, ки бо атрофиён бинишинад. Дилаш мехоҳад зудтар аз канори дигарон бигузарад ва ба ҳуҷрааш бирасад то ба назди тугмаҳое, ки ӯро ба худ мехонанд ва ба даричае, ки чеҳрае аз дунёро ба ӯ нишон медиҳад бирасад. Ӯ бесаброна мунтазири ин дунёи маҷозӣ аст.
|
|
ادامه مطلب ...
|
|
Хотамияти Паёмбари Ислом(с) Яке аз сифатҳои махсуси Паёмбари Аъзам(с) ин аст, ки ӯ хотами паёмбарони Илоҳӣ аст. Ин масъала яке аз заруриёти дини Ислом аст. Яъне ҳар мусулмоне бояд эътиқод дошта бошад, ки Паёмбари Ислом(с) охирин паёмбари Худованд ва шариати ӯ комилтарин ва охирин шариати осмонӣ мебошад. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
اخلاق فردی حضرت محمد (ص) صداقت پيامبر(ص) مفهوم صدق: با اين كه اين واژه از واژهايي است كه همگي با مفهوم و معني آن آشنا هستيم در عين حال در ميان دانشمندان در تعريف آن گفتگوهاي زيادي است. بعضي صدق و راستگويي را به معناي مطابقت محتواي سخن با واقعيت ذكر ميكند در حالي كه بعضي ديگر آن را مطابقت با تشخيص و اعتقاد گوينده ميدانند و از آيه شريفه سوره منافقون استمداد جستند آنجا كه ميفرمايد: >إِذا جاءَكَ الْمُنافِقُونَ قالُوا نَشْهَدُ إِنَّكَ لَرَسُولُ اللَّهِ وَ اللَّهُ يَعْلَمُ إِنَّكَ لَرَسُولُهُ وَ اللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّ الْمُنافِقينَ لَكاذِبُونَ< |
|
ادامه مطلب ...
|
|
Мавқеияти Ясриб Ясриб, яке аз шаҳрҳои кӯҳистонии Ҳиҷоз аст. Шаҳри Ясрибро кӯҳи Уҳуд дар шимол ва кӯҳи Айр дар ҷануб дар бар гирифтааст. Шарқу ғарби шаҳрро сангҳои сиёҳи бузург дар бар гирифтааст. Се дара ба номҳои Қанот дар ҷануби Уҳуд ва Ақиқ дар ғарб ва Бутҳон аз дохили шаҳр мегузарад. Шаҳри Ясриб обу ҳавои хуби барои кишоварзӣ дорад. Шаҳри Ясриб макони муҳимме бар сари роҳи бозаргононии ҷануб ба шимоли Арабистон буд, ки фосилаи он то Маккаи Мукаррама 447 километр аст. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Абу довуд кист? Абу Довуд, Сулаймон бин Ашъас бин Исҳоқ бин Башир бин Шаддод бин Амри Азди Саҷистони нависандаи асари муҳими ҳадиси “Ассунан” маъруф ба “Сунани Абу Довуд” мебошад. Таърих ва маҳалли тавалуд Абу Довуд Саҷитони аз муҳаддисони асри сеюми ҳиҷрӣ аст, ки дар соли 202 ҳиҷрӣ дар Саҷистон наздики сарзамини Санду дар ғарби шаҳри Ҳирот, ки ба сарзамини хурмо ва шинзор машҳур аст тавалуд шудааст. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Нигоҳе ба зиндагии Имом Муслим
Муслим, Абулҳусайн Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ибни Муслим ибни Вард ибни Кушози Қушайрии Нишопурӣ, муҳаддиси маъруф ва нависандаи китоби муҳимми ҳадисии "Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ" маъруф ба “Саҳеҳ Муслим” мебошад. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
Муқаддимаи муаллифНимҷазираи Арабистон, агарчи аз назари шароити ҷуғрофиёӣ ва иқтисодӣ мавқеияте хубе надошт ва сарзамини хушку бе об буд, вале ҷойгоҳи рушду нумув шуд, ки яке аз пурбортарин тамадунҳои башар гардид. Дар андеша ва бовари ҳеҷ кас хутур намекард, дар нимҷазира оине зуҳур кунад, вале фармони Худованд дар яди байзои Муҳаммад(с) қарор гирифт ва ҳамаи мардуми онро дар баробари ҳидояти илоҳӣ ва ондешаи адолатхоҳӣ ва баробарӣ мардумон ҷуз пеша ҷустан дар тақво таслим кард. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Тафсири Сураи қадр
Симои сураи Қадр: Сураи Қадр дар Макка нозил шуда ва оёташ кӯтоҳу мавзун аст. Ин сура бо ишора ба нозил шудани Қуръон дар шаби Қадр, оғоз ва бо баёни аҳамияти шаби Қадр назди Худованд ва бартарии он аз ҳазор моҳ, идома меёбад ва бо салом ва дуруди Илоҳӣ дар он шаб поён мепазирад. Ривоятҳои зиёде дар фазилати хондани ин сура баъд аз сураи “Ҳамд” дар намоз ворид шудааст ва ба касе, ки онро дар намози воҷиб бихонад гуфта мешавад: "غفرالله لك ما مضي فاستانف العمل" Худованд гузаштаи туро бахшид, пас корҳоятро аз нав оғоз кун. Имом Ризо )а( фармуд: Касе, ки дар зиёрати қубури мӯъминон сураи Қадрро ҳафт бор бихонад, Худованд он мурдагон ва касеро, ки ин сураро хондааст мебахшад.
|
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
قال رسول الله (ص): لكل شيئ زكاة و زكاة الجسد الصوم
Паёмбари Акрам(с) фармуданд:
Барои ҳар чизе закоте аст ва закоти бадан рӯза аст.
Оини муқаддаси Ислом ва маҷмӯаи аҳкоми ҳаётбахши он, барои раҳоии инсон аз доми хостаҳои пасти ҷисмонӣ ва ҳайвонӣ аст. Айёми рӯзадорӣ беҳтарин вақтҳо барои ибодат, намоз, дуо ва қироати Қуръон ва зикру хайрот аст. Зеро дар ин айём инсон барои ҳузури қалб, ихлос ва таваҷҷӯҳ ба Худо нисбат ба ҳар замони дигар омодатар аст. Моҳи мубораки Рамазон беҳтарин замон барои ибодат ва таваҷҷӯҳ ба Худо аст. Рӯза аз куҳантарин ибодатҳост, ки дар миёни тамоми қавмҳо ва миллатҳои ҷаҳон роиҷ будааст. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
Маҳфили ҷашни мелод Дар маросими ҷашни мелоди Паёмбари Аъзам(с), ки дар таърихи 11 Рабеъ-ул-аввал дар миёни донишҷӯни тоҷик баргузор шуд, бародарон бо ширкат дар як мусобиқаи ҳузурӣ эҳсоси худро нисбат ба Паёмбар(с) бо абёте, ки дар он номи Паёмбар(с) омада бошад навиштанд. Бо умеди онки пайрави муносиб ва шоистае барои он вуҷуди нозанин бошем ва фармудаҳои ӯ сармашқи зиндагиямон гардад инак саволи мусобиқа ва намунае аз ҷавобҳои бародаронро пешкаши шумо мегардонем. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
Боиси хушҳолӣ аст, ки ахиран равобити Эрон ва Тоҷикистон, ки аз назари забон, фарҳанг ва оин бо ҳам муштарак ҳастанд, густариш ёфтааст. Аз ҷумла шоҳиди ин иддао анҷоми сафари расмии Раиси ҷумҳури муҳта рами кишвар ва вазири муҳтарами фарҳанги кишвар ба Эрон дар муддати як моҳ аст, ки самараҳо ва натиҷаҳои хубе дар бар доштааст. Инак гузориши мухтасаре аз сафари вазири муҳтарами фарҳанги кишвар ба Эрон, шаҳри Қум ва Маркази Ҷаҳонии Улуми Исломиро пешкаши шумо мегардонем. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
|
Моҳи худдории дасту по аз поймол кардани ҳуқуқи дигарон. Ёрӣ расондан ба дигарон ва анҷом додани корҳои хайр. Худдории дилу зеҳн аз машғул шудан ба ғайри маъшуқ. Рамазон сабаб мешавад, ки дили мӯъмин дар баҳри бандагиву итоати ҳақ шустушӯ гардад ва фикрҳо машғули ёди ӯ шавад. Нафс ба воситаи тақво ром шавад ва бадан бо парҳез аз хӯрдану нӯшидан, фурсати рушд пайдо кунад. Эҳсоси гуруснагию фақрро таҷриба кунад ва бо дасту по, балки тамоми тавон барои кӯмак ба ниёзмандон ва таҳияи тӯша барои сарои қиёмат, ки касеро тавони таҳаммули гирифториҳои он нест, ба по хезад. Рамазон фурсати беназир барои худсозӣ, худшиносӣ ва худошиносӣ аст. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Барномаҳои амалии рӯзадорон Рӯзҳои охири моҳи Шаъбон буд, ки ҳазрати Расули Худо Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) дар ҷамъи мардум ва асҳоб, аҳамият ва азамати моҳи мубораки Рамазонро таъкид намуд. Ӯ баракоти ин моҳи бузург ва вазоифи мусулмонон дар ин рӯзҳо ва шабҳоро баён фармуд. Ин фармоишҳо, ки «Хутбаи Шаъбония» ном гирифтааст, бисёр муҳим ва пурмуҳтавост ва донистан ва амал кардан ба он дар ҳадди тавон, барои ҳар мусулмоне лозим ва шоиста аст. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
بسم الله الرحمن الرحیم
ҲУЛУЛИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН, МОҲИ МУБОРАК ВА НЕЪМАТҲО, МОҲИ РАҲМАТУ МАҒФИРАТ ВА МОҲИ ИБОДАТУ ИТОЪАТ БАР ҲАМАИ МУСУЛМОНОНИ ОЛАМ МАХСУСАН ҲАМВАТАНОН ТОЧИКИСТОН МУБОРАК БОД
мудирияти сайт
|
|
ادامه مطلب ...
|
|