|
Фарҳанг асоси ҳувияти як миллат Фарҳанг иборат аст аз илм, дониш, адаб, маърифат, таълим ва арбият, осори илмӣ ва адабӣ, маҷмўаи созмонҳои иҷтимоӣ ва одату ҳунарҳои як қавм ё як миллат.Бешак болотарин ва волотарин унсуре, ки дар мавҷудияти ҳар ҷомеа дахолати асосӣ дорад, фарҳанги он ҷомеа аст. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
Сайре дар мафҳуми истиқлол ва истиқлолият
Мафоҳими сиёсӣ ва иҷтимоии зиёде дар андешаи башарӣ матраҳ ва мавриди баҳс қарор гирифтаанд, мафҳумҳое монанди ҳукумат, миллат, ҷумҳурият ва ғайра, мафоҳиме ҳастанд, ки андешаварон ва арбоби маърифат ба табйин ва ташреҳи онҳо пардохтаанд ва ҳар як аз равзанае ва бо дидгоҳе ба он нигаристаанд ва лоҷарам тасвире ва тафсире ироа додаанд. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Сухани Худованд ба ҳазрати Довуд(а) Худои таоло ба ҳазрати Довуд(а) фармуд. Эй Довуд! Ман панҷ чизро дар панҷ чиз қарор додаам, вале мардум онҳоро дар панҷ чизи дигар ҷустуҷӯ мекунанд ва дар ниҳоят низ ба он намерасанд. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Ба назар мерасад бо фарогир шудани корбурди компютер, теъдоди касоне, ки аз мушкилоти биноӣ ранҷ мебаранд, афзоиш ёфтааст. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
بِسْمِ اللهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيْمِ Даромад Фарзандон дар дасти падару модар амонат ҳастанд ва бояд аз ин амонат хуб нигаҳдорӣ кунанд. Барои хуб нигаҳдорӣ кардан аз ин амонат бояд пайғамбарони Худо ва бандагони солеҳи Худоро дар кори тарбият сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд то аз роҳи ҳақиқат ва ростӣ дур нашаванд. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Зиндагии Мустафо Исмоил
Устоди бузурги қироат Мустафо Исмоил яке аз қориёни маъруф ва нобиғаи илми қироати Қуръон дар ҷаҳони Ислом аст, ки каломи Худоро бо оҳанги бисёр латифу дилнишин ва бо лаҳни мувофиқ бо маънию мафоҳими илоҳӣ тиловат мекунад. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Муъзали камфурӯшӣ Камфурӯшӣ яке аз гуноҳони кабира аст ва ҳаром буданаш аз тариқи Қуръон ва суннат исбот шудааст.Қуръони Маҷид барои камфуруш ошкоро ваъдаи азоби шадид додааст ва як сураи Қуръони Маҷид бо номи Мутаффифин (камфурушон) махсуси ин мавзӯъ аст. ارسال یادداشت (0یادداشت) |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Мақоми Паёмбари Акрам(с) ва анбиё(а) Бисёре аз оёти Қуръон баёнгари ин ҳақиқатанд, ки Паёмбари Аъзам(с) бар дигар паёмбарон(а) бартарӣ дорад ва ончиро, ки анбиё(а) аз Худованд дархост мекарданд, Худованд он чизҳоро бе он ки паёмбар дархост кунад ба Паёмбари Акрам(с) додааст. Дар ин навиштор намунаҳое аз он чи баён шуд пешкаши шумо мегардад. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
Нигоҳе ба шахсияти Мавлавӣ Бузургӣ ва барҷастагии шахсияти Мавлоно дар дунёи имрӯз бар ҳеҷ касе пӯшида нест. Осори арзишманди ӯ қалбҳои ҷӯяндагони илму маърифатро дар шарқу ғарби ҷаҳон шефтаи худ сохтааст ва имрӯза мо аз ҷо-ҷои ин ҷаҳони паҳновар сухан аз Мавлавӣ ва Маснавӣ мешунавем.
|
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Рисолаи ҳуқуқ
Бидон, -Худоят раҳмат кунад,- ки Худованд бар ту ҳуқуқе дорад, ки туро дар ҳар ҷунбишу оромиш ва ҳар ҷо ки бошӣ фаро гирифтааст ва дар ҳар узве аз аъзои баданат, ки ба ҳаракат оварӣ ва дар ҳар абзоре, ки онро ба кор гирӣ ин ҳуқуқ ҷараён дорад ҳарчанд баъзе аз дигарӣ бузургтар аст.
ارسال یادداشت (0یادداشت) |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Ваҳдати исломӣ Яке аз муҳимтарин масоиле, ки Расули Акрам(с) ва пешвоёни дин дар тӯли зиндагонии пурбаракати худ доштанд, саъю кӯшиш барои расидан ба ваҳдат ва иттиҳоди уммати Ислом, бар асоси дастуроти Қуръони Карим мебошад.
|
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Дуоҳои Қуръонӣ Бо вуҷуди ин ки инсон ҳамеша ва дар ҳамаи лаҳзаҳо ба доштани робита бо холиқи худ ва ёди ӯ ниёз дорад бештари вақтҳо ин ниёзи худро фаромӯш мекунад, вале ҳангоме ки дар зиндагӣ бо мушкилот рубарӯ мешавад ва худ ва дигаронро дар ҳалли он оҷиз ва нотавон меёбад нохудогоҳ ба сарчашмаи қудрату ҳикмати беинтиҳо дил мебандад ва аз даргоҳи беҳамтояш дархости кӯмак мекунад.
|
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Сухан дониста гӯ то ... Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд: >يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اسْتَجِيبُواْ لِلّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُم لِمَا يُحْيِيكُمْ< Эй касоне, ки имон овардаед! Даъвати Худо ва паёмбарро иҷобат ва қабул кунед, ҳангоме ки шуморо ба чизе мехонад, ки барои шумо ҳаёт мебахшад. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
Ба номи Худо
Худованд дар Қуръон мефармояд: ﴿يَسْئَلُونَكَ عَنِ الْخَمْرِ وَ الْمَيْسِرِ قُلْ فيهِما إِثْمٌ كَبيرٌ وَ مَنافِعُ لِلنَّاسِ وَ إِثْمُهُما أَكْبَرُ مِنْ نَفْعِهِما وَ يَسْئَلُونَكَ ما ذا يُنْفِقُونَ قُلِ الْعَفْوَ كَذلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآياتِ لَعَلَّكُمْ تَتَفَكَّرُونَ﴾. Аз ту дар бораи шароб ва қимор мепурсанд, бигӯ: Дар он ду гуноҳ (ва зиёни) бузург ва фоида барои мардум аст, вале гуноҳи он ду аз фоидаи онҳо бузургтар аст.
ارسال یادداشت (0یادداشت) |
|
ادامه مطلب ...
|
|
Назорати Илоҳӣ
Он рӯз имтиҳони забони англисӣ доштем. Муаллима Амирӣ гуфт: Бачаҳо! Имрӯз ба лабароторияи забон меравем ва имтиҳон низ ҳамон ҷо баргузор мешавад. Ҳама ба лабаротория рафтем. Варақаҳои имтиҳонӣ ба донишомӯзон дода шуд. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
|
Эътиёди интернетӣ
Чашмонаш варам карда аст. Чеҳрааш хаста аст. Вақте, ки ҳама хобанд ӯ бедор аст ва вақте ҳама бедоранд ӯ хамёза мекашад. Дар корҳояш ҳавосаш ҷамъ нест. Ҳавсала надорад, ки бо атрофиён бинишинад. Дилаш мехоҳад зудтар аз канори дигарон бигузарад ва ба ҳуҷрааш бирасад то ба назди тугмаҳое, ки ӯро ба худ мехонанд ва ба даричае, ки чеҳрае аз дунёро ба ӯ нишон медиҳад бирасад. Ӯ бесаброна мунтазири ин дунёи маҷозӣ аст.
|
|
ادامه مطلب ...
|
|
Хотамияти Паёмбари Ислом(с) Яке аз сифатҳои махсуси Паёмбари Аъзам(с) ин аст, ки ӯ хотами паёмбарони Илоҳӣ аст. Ин масъала яке аз заруриёти дини Ислом аст. Яъне ҳар мусулмоне бояд эътиқод дошта бошад, ки Паёмбари Ислом(с) охирин паёмбари Худованд ва шариати ӯ комилтарин ва охирин шариати осмонӣ мебошад. |
|
ادامه مطلب ...
|
|
اخلاق فردی حضرت محمد (ص) صداقت پيامبر(ص) مفهوم صدق: با اين كه اين واژه از واژهايي است كه همگي با مفهوم و معني آن آشنا هستيم در عين حال در ميان دانشمندان در تعريف آن گفتگوهاي زيادي است. بعضي صدق و راستگويي را به معناي مطابقت محتواي سخن با واقعيت ذكر ميكند در حالي كه بعضي ديگر آن را مطابقت با تشخيص و اعتقاد گوينده ميدانند و از آيه شريفه سوره منافقون استمداد جستند آنجا كه ميفرمايد: >إِذا جاءَكَ الْمُنافِقُونَ قالُوا نَشْهَدُ إِنَّكَ لَرَسُولُ اللَّهِ وَ اللَّهُ يَعْلَمُ إِنَّكَ لَرَسُولُهُ وَ اللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّ الْمُنافِقينَ لَكاذِبُونَ< |
|
ادامه مطلب ...
|
|