Тасмим бигир ин рамазон беҳтарин рамазони умрат бошад, чӯнки хеле аз инсонҳо баъд аз рамазони порсол нороҳат буданд. Онҳо аз ин нороҳат буданд, ки моҳи рамазон зӯд гӯзашт ва онҳо онгӯна, ки бояд аз рамазон баҳраи беҳтар ва хӯбро мебӯрданд, аммо ба ҳар далеле набӯрданд.
Мегӯфтанд: Мо дар рамазон бештар аз ин метавонистем ибодат, тиловати Қуръон, дуо ва розу ниёз бо Худо, кӯмак ба ниёзмандону дастгирӣ аз ятимон ва корҳои хайр кунем вале кам корӣ ва сустӣ кардем ва бештар ҳам метавонистем баҷой оварем.
Агар воқеан ин гӯна эҳсос мекардӣ, ба ту мужда медиҳам, ки боз ҳам рамазон омаде ва ҳамон фӯрсати камёб боз ҳам такрор шуд.
Аммо мабодо, ки ин рамазонро ҳамчӯн рамазони гӯзашта сипарӣ намоӣ ва боз ҳам баъд аз рамазон аз камкорӣ ва сӯстии хӯд нороҳат ва пушаймон шавӣ.
Аз ҳамин ҳозир бо ҳимати баланд тасмим бигир, ки ин рамазон беҳтарин рамазони умри ту бошад.
 
Парвардигоро! Ба мо тавфиқи ибодату корҳои хайри холисона ва ахлоқи содиқонае насиб бифармо ва корҳои хайру ибодатҳои ноқисамонро ба даргоҳат бипазир!
Худоё, гӯзаштагону мӯрдагонро бибахшу биёмӯрз!
Худоё, ҳамаи ниёзмандону фақиронро бениёз бигардон!
Худоё, ҳамаи гурӯснагонро сер бигардон!
Худоё, қарзи ҳамаи қарздоронро адо кун!
Худоё, ғаму андӯҳи ҳамаи ғамгинонро бартараф намо!
Худоё, ҳамаи ғарибони дур аз ватанро ба ватан боз гардон!
Худоё, ҳамаи зиндониёни бегӯноҳро озод кун!
Худоё, ҳаргӯна ҷаҳлу нақсро аз мусулмонон дӯр ва ислоҳ фармо!
Худоё, ҳамаи беморонро шифои комил бидеҳ!
Худоё, ҳоли бади бандагонатро ба ҳоли хӯб тағйир бидеҳ!
Худоё, мардӯми бепаноҳи Фаластинро ёрӣ намо ва шари золимонро ба хӯдашон баргардон!
Худоё, ҳамаи мардӯми ҷаҳонро, ки аз мардӯми бепаноҳи Фаластин ҳимоят мекунанд дар дӯнё ва охират ҳифзу сарбаландашон бигардон!
Худоё, қалбҳоямонро бо Қуръон нӯронӣ гардон ва фарзандонамонро тавфиқи дарс хондан марҳамат бифармо!
Худоё, баростӣ, ки ту бар ҳар чизе тавоноӣ!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст