Роҳбари олии ҷумҳури исломии Эрон ҳазрати оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ дар пайи шаҳодати ҷамъе аз зоирони ширкаткунанда дар чаҳорумин солгарди генерал шаҳид Қосим Сулаймонӣ, ки дар ҳодисаи террористӣ дар шаҳри Кирмони Эрон шаҳид шуданд, паёме содир кард.

 
Матни паёми раҳбари олии ҷумҳури исломии Эрон ҳазрати оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ ба шарҳи зер аст:
 
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
 
Душманони шарур ва ҷинояткори миллати Эрон, бори дигар фоҷеа офариданд ва ҷамъи зиёде аз мардуми азизро дар Кирмон ва дар фазои муаттари мазори шаҳидон, ба шаҳодат расонданд.
 
Миллати Эрон азодор шуд ва хонаводаҳои зиёде дар сӯги ҷигаргӯшагон ва азизони худ ғарқи мотам шуданд. Ҷинояткорони сангдил натавонистанд ишқ ва шавқи мардум ба зиёрати марқади сардори бузургашон шаҳид Қосими Сулаймониро таҳаммул кунанд. Бидонанд, ки сарбозони роҳи равшани Сулаймонӣ ҳам пастӣ ва ҷинояти ононро таҳаммул нахоҳанд кард. Чӣ дастҳои олӯда ба хуни бегуноҳон ва чӣ мағзҳои муфсид ва шароратзо, ки ононро ба ин гумроҳӣ кашондаанд, аз ҳам акнун омоҷи қатъии саркӯб ва муҷозоти одилона хоҳанд буд. Бидонанд, ки ин фоҷеаофаринӣ посухи сахте дар пай хоҳад дошт ба хости Худо.
 
Инҷониб дар азои хонаводаҳои мусибатдида бо онон ҳамдил ва ҳамроҳам ва сабр ва тасаллои ононро аз Худованди Мутаол масъалат мекунам. Рӯҳи поки шаҳидон иншоАллоҳ меҳмони бонуи ду олам ва модари шаҳидон Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) аст. Бо маҷрӯҳони ҳодиса ҳамдардӣ мекунам ва шифои ононро аз даргоҳи илоҳӣ хосторам.
 
Сайидалии Хоманаӣ
 
3/1/2024
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст