22 моҳи баҳман 1402 баробар бо11 феврали 2024  рӯзи 45-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон мебошад. Мардӯми мусулмони Ҷумҳӯрии исломии Эрон, аз ақшори мухталиф ин рӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ ва истиқлоли миллиро ҳамонанди солҳои гӯзашта бо роҳпаймоии бисёр бошукӯҳ ва ҳузур ҳамосӣ дар 1400 шаҳру ноҳия ва 38 ҳазор деҳаи Эрон ҷашни пуршӯре мегиранд. Дар поёни ин ҷашни бузӯрг ва роҳпаймоӣ, ширкаткунандагон дар қатъномае, садоқату паймон худашонро бо ормонҳои бузӯрги инқилоби исломӣ(дастӯроти Илоҳӣ, Тавҳид, адолатхоҳӣ, зулмситезӣ истиқлол, озодӣ, ва ҳимоят аз мазлӯм...), ҳазрати эмом Хӯмайнӣ(р), роҳи шаҳидон ва пайрави аз Раҳбари муазами инқилоби исломии Эрон ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаиро эълом менамоянд.
 
Ҳадаф аз инқилоби исломӣ ва ҷонфишонониву фидокориҳои имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ба самар расонидани ин наҳзатро, Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таҳаққуқи ҳокимият ва шариати исломӣ донистанд.
 
Инқилоби исломии Эрон бо ормон ва иқтидори зотии хӯд, рӯҳи тозае бар тани уммати исломӣ ва Озодихоҳон дамид. Бо гӯстариши “ гӯфтумони муқовимату зулмситезӣ” арсаҳои мубориза ва тақобули роҳбурдӣ бо низоми султа ва зургӯёни ҷаҳонӣ монанди Амрикову Англисро рақам зад. Ин назария ва гӯфтумони муқовимату зулмситезӣ ба фаросӯи ҷуғрофиёии Эрони исломӣ ва дар ҷаҳон, фасли навинеро фарорӯи ҷомеъаи башарӣ қарор дода ва навидбахши зуҳӯри “ҳандасаи қудрат ва назми навини ҷаҳонӣ” шудааст.
 
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ баёнашон хотирнишон карданд: Мардӯми Эрон қабл аз наҳзат ва инқилоб бо масоили асосӣ ва сарнавишсози худ сару коре надоштанд ва саргарми масоили шахсии хӯд буданд. Аммо вурӯд ба майдони мутолиба ва ҳақталабӣ ва он ҳам мутолибаи чизҳои бузӯрг ва мӯҳимро имом Хӯмайнӣ (р) эҷод карданд. Ҳамин миллати нотавон ва таслимро табдил ба як миллати тавоно мутолибагар(ҳақ талаб кун) карданд.
 
Низоми капиталистӣ ва истикбории ғарбӣ ( Амрикову Аврупо) ғоратгарони кишвару миллатҳои заъиф ва нотавони дӯнё ҳастанд, ки мардуми мусулмон ва боғайрати Эрон бо раҳбарии ҳакимонаи имом Хӯмайнӣ (р) ҳудуди 45 сол пеш дар 11-уми феврали 1979 дасти онҳоро аз сарват ва сарзамини Эрон қатъ карданд ва саранҷом дар чӯнин рӯзе талош, муқовимату мӯборизаҳои мардуми мусулмони Эрон ба бор нишаст.
 
Дар ҳақиқат пирӯзи Инқилоби Исломии Эрон дар 11-уми феврали 1979 нуқтаи сарнавишсоз ва атфе дар таърихи чанд ҳазор солаи Эрон маҳсӯб мешавад. Ин инқилоб исломӣ сабаби пешрафт ва таҳаввӯлоти асосӣ ва бунёдин дар арсаҳои мӯхталифи илмӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, низомӣ ва иқтисодӣ ҷомеаи Эрон шуд.
 
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба лузуми муҷаҳҳаз шудан ба анвои қудрат аз ҷумла қудрати фикрӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва басиҷи мардӯмӣ афзӯданд: Ба хиёбон омадани миллионҳо нафар дар 22 баҳман бо гузашти ҳудуди 45 сол аз инқилоби исломӣ, нишонаи тавон ва қудрати низоми исломӣ дар басиҷи мардумӣ аст, ки ин мавзӯъ дар дӯнё беназир аст.
 
Онгӯна, ки дар бахше аз паёмашон раҳбари муаззами инқилоб ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи бӯҳрони ахир таъкид карданд, имрӯз яке аз муҳимтарин мӯшкилоти ҷаҳони ислом ва ҷомеъаи башарӣ, масъалаи Фаластин ва Ғазза аст, ки дар раъси ҳамаи масоили сиёсии мусулмонон бо ҳар мазҳаб ва нажод ва забон қарор дорад. Бузургтарин зулми қарнҳои ахир дар Фаластин иттифоқ афтодааст. Дар ин моҷарои дардовар, ҳама чизи як миллат, сарзаминаш, хона, киштзор ва дороиҳояш, ҳурмату ҳувияташ ғасб ва мусодира шудааст.
Раҳбари мӯаззами инқилоби исломӣ дар табйини ин зӯлми ҷаҳонӣ, афзӯданд: Рафтори Амрико бо миллатҳои заиф, нӯсхаи бузӯргшудаи рафтори он полис аст, ки зонӯи хӯдро бар гардани як сиёҳпӯсти бедифоъ гӯзошт ва он қадар фишӯрд то ҷон дод ва тамошои ин саҳна аз тарафи чанд полиси дигар, чизи ҷадиде нест, балки ҳамон ахлоқ ва табиати  ҳукумати Амрико аст, ки қаблан низ бо бисёре аз кишварҳои дунё мисли Афғонистон, Ироқ, Сурия ва қабл аз он дар Ветнам, ҳамин корҳоро кардаанд.
 
Раҳбари мӯаззами Инқилоби исломии Эрон хотирнишон карданд: Имрӯз Амрико, Англия ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва дӯмболаравҳои онҳо пушти дастҳои ҷинояткор ва ба хунолӯдаи режими саҳюнистии Исроил қарор доранд, ки аз ҳамин ҷо метавон фаҳмид назми кунунии ҷаҳон-назми ботил ва ғайри қобили давом аст ва аз байн хоҳад рафт.
 
 Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, бомбаборони бемористон ва кӯштори наздик ба 30 ҳазор тан аз мардӯми Ғаззаро боиси расвоии фарҳанг ва тамаддӯни ғарбӣ донистанд ва афзӯданд: Пушти сари ин ҷиноятҳо пӯл, таслиҳот ва кӯмакҳои сиёсии Амрико аст ва ҳамчунон ки худи саҳюнистҳо эътироф карданд бидуни силоҳҳои Амрико як рӯз ҳам қодир ба идомаи ҷанг набуданд; бинобарин амрикоиҳо низ мӯҷрим ва масъӯли ин ҳодисаи талх ҳастанд.
 
 Ҳазрат роҳи ҳалли поёни бӯҳрони Ғаззаро канор кашидани қудратҳои бузӯрги ҷаҳонӣ ва тарафдори Ғарб аз ин қазия хонданд ва гӯфтанд: Мӯборизони фаластинӣ хӯд қодир ба идораи майдон ҳастанд; ҳамчӯнон ки то имрӯз низ бо идораи саҳна, зарбаи сахте ба онҳо ворид нашудааст.
 
 Раҳбари мӯаззами Инқилоби исломии Эрон бо таъкид бар ин, ки вазифаи давлат‎ҳо қатъи кӯмакҳои сиёсӣ, таблиғотӣ, таслиҳотӣ ва адами ирсоли колоҳои масрафи ба режими саҳюнистии Исроил аст, хотирнишон карданд: Вазифаи миллат‎ҳо фишор овардан ба давлатҳо барои анҷоми ин вазифаи бузӯрг аст.
 
Имрӯз ҳатто дар даруни Амрикову Аврупо ҳам нафрат ва инзиҷор аз рафторҳои зидди башарии сарони Кохи Сафед дар фарёдҳои эътирозии мардум дар хиёбонҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо ба гӯш мерасад. Ҳеҷ виҷдони бедоре наметавонад ҷинояти режими саҳюнистии Исроил ва ҳимояти сарони Амрикову Аврупоро нодида бигирад ва бетараф бимонад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст