Хоҳарам, эй ҳадяи Парвардигор

Ҳам хазони зиндагониро баҳор
Насли инсонро Худои меҳрубон
Аз ту дар ҳастӣ намуда ҷовидон
Ҳаст шайтон дар камини одамӣ
То абад дорад зи кини одамӣ
Ронда шуд аз даргаҳи Парвардигор
Нақшаи гумроҳиаш бошад ҳазор
Ҳаст шаҳват шоҳкалиди кори ӯ
Беҳаёӣ гармии бозори ӯ
Хоҳарам, пас ин суханро ҳуш дор
То нагардӣ дар ду олам шармсор 
Чист ин ороиши дур аз ҳудуд
Ин ҳама ошуфтагӣ дар кори худ
Чист ин пироҳану шалвори танг
Ин ҳама пӯшиши ҳафтоду ду ранг
Зинататро хоҳарам Ҳақ гуфт: Пӯш
Булҳавас хоҳад шавӣ арзонфурӯш
Қимати ту камтар аз ҷаннат хатост
Роҳи он дар пайравӣ аз Мустафост
Ғайри ин худ гӯй, баҳри ту равост?
Ин ҳама олуда гаштан пас чарост?
Чашми нопок тири заҳролуду кин
Мекунад партоб Иблиси лаин
Покдомонӣ наҷоту роҳи ҳақ
Гир аз Заҳрову Зайнаб ин сабақ
Ҳаст тавфиқи Худо ҳамроҳи ту
Ёвари ту холиқи огоҳи ту
Пас таваккул бо амал бояд туро
То шавӣ аз доми шайтонӣ раҳо
Арзиши гавҳар бидонӣ хоҳарам
Мешавад онро харидор доварам
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст