Мақомоти ду кишвари Покистон ва Ироқ эълон карданд, ки ба далели вазъи бади бародаронамон дар Фаластин ва ҳамбастагӣ бо онҳо аз шаҳрвандони худ хостаанд, ки аз баргузории ҷашни Соли нав худдорӣ кунанд.
 
Ба гузориши ТоҷикПресс, кишварҳои Покистон, Ироқ, Иморот ва Сурия барои ҳамбастагӣ бо фаластиниёни сокин дар Навори Ғазза ҷашну маросими Соли нави мелодиро лағв карданд.
 
Манъи баргузории ҷашни Соли нав дар Покистон
Анвар-ул-Ҳақ Какар, иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Покистон, шоми панҷшанбе дар як паёми телевизионӣ эълом кард, ки имсол ба далели навори Ғазза таъсиси ҳама гуна маросими марбут ба таҷлили Соли нав комилан мамнӯъ аст.
 
Вай афзуд: “Мардуми Покистон ва миллати исломӣ аз наслкушии фаластиниҳои мазлум дар Ғазза ва кушта шудани кӯдакони бегуноҳ дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ сахт андӯҳгинанд.”
Покистон ҳамеша шаби Соли навро бо тантанаҳое таҷлил мекард.
 
Ҷамъоварии санавбарҳои солинавӣ дар Карбалои Ироқ
 
Мақомоти кишвари Ироқ ҳам эълом доштанд, ки имсол ба далели вазъи ногувори бародарони мо дар Фаластин ва ёдбуди шаҳидони Ғазза ҳамагуна ҷашну маросимҳои вижаро барои Соли Нав лағв кардаем.
 
Теъдоди масеҳиён дар ин кишвар хеле гуногун буда, аз 150 ҳазор то ним миллион нафарро ташкил медиҳад.
 
Қаблан бархе аз калисоҳои Ироқ низ аз лағви анҷоми таҷлили маросими Соли нав хабар дода буданд.
 
Дар Иморот ҳам баргузории ҷашни Соли нав манъ шуд
 
Имороти Муттаҳидаи Араб низ рӯзи панҷшанбе бо пахши баёнияе эълом кард, ки ба нишони ҳамраъйӣ бо мардуми Ғазза баргузории ҳар гуна оташбозӣ ва намоишҳои шодмонӣ дар шаби соли нав мамнӯъ аст.
 
Сурия таҷлили Соли навро лағв кард
 
Кишвари Сурия низ ба далели ҳамдардӣ бо мардуми Фаластин ва хонаводаҳои фаластинӣ дар Ғазза таҷлили Мавлуди Исо (а) ва Соли навро лағв карда буд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст