Вазири фарҳанг ва иршоди исломии ҷумҳӯрии исломии Эрон, Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, дар паёме ба даргӯзашти Давлатманд Холов, хонандаи номдори тоҷикистонӣ изҳори ҳамдардӣ намӯда ва таслият гӯфт. Дар бораи шӯҳрати Давлатманд Холов дар миёни форсизабонон ва алоқаву иродаташ нисбат ба шоирони бузӯрги классики форсу тоҷик ва таъсири барҷаста ва пурсамари Ӯ дар тамаддӯни фарҳангии форсизабонон навишт: Он марҳӯм дилбастаи забони форсӣ ва шоирони бузӯрги Эрон буд ва интихоби ашъораш дар овозҳои мухталиф гӯвоҳе бар ин дилбастагӣ аст.
 
Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ даргӯзашти ин чеҳраи фарҳангии ҳавзаи тамаддунии форсизабононро ба хонадони Ӯ, давлату миллати Тоҷикистон ва ҳамаи алоқамандон ба ин забон таслият гӯфт ва афзӯд: Хабари даргӯзашти ҳӯнарманди маҳбӯби мусиқии Тоҷикистон, ҷаноби оқои Давлатманд Холов дӯстдорони мусиқиро дар ҳавзаи форсизабонон мутаассир(сахт ғамгин) кард.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст