Манобеи рӯсӣ бомдоди шанбе эълом карданд, ки шаби 22 март дар як толори кансерт дар муҷтамаи тиҷории Крокус Сити Холл дар шаҳри Крокус наздики шаҳри Маскав, пойтахти Руссия террористҳо ҳамла карданд.
 
Шумори талафоти ин ҳодисаи террористӣ ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст ва Маргарита Симоньян, сардабири шабакаи хабарии Rashatudi TV эълом кард, шумори куштагони ҳамлаи террористӣ дар Маскав ба 143 нафар расидааст ва беш аз 100 нафар низ захмӣ шудаанд.
 
Тибқи маълӯмоти ахир, дар натиҷаи амалиёти вижа аз миёни 11 нафар мӯттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо боздошт шуданд.
 
ДИИШ расман ҳамлаи террористӣ дар толори кансерти Крокус Сити Холл дар шаҳри Крокус наздики шаҳри Маскав, пойтахти Руссияро бар ӯҳда гирифт.
 
Аммо ба гузориши хабаргузории “Спутник” Раҳбари Хадамоти амнияти Федерали Руссия, Александр Бортников эътироф кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир ва Украина масъули ҳамла ба Крокус Сити Холл мебошанд, ҳарчанд ки ин ҷиноят бо дасти исломгароёни тундрав ва ифротгаро анҷом гирифта бошад.
 
Владимир Путин дар нахӯстин вокӯниш ба ин ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл зимни ибрози таслият ба хонаводаи кӯшташудагони ин ҳодисаи террористӣ, рӯзи якшанбе 24 мартро азои умумӣ эълом кард ва гӯфт: иттифоқе, ки дар Крокус афтод як ҳамлаи террористии хӯнин ва ваҳшиёна буд.
 
Ин ҳамлаи террористӣ ба шаҳрвандони бегӯноҳи Руссия вокӯнишу маҳкӯмияти гӯстардаи ҷаҳониро ба дунбол дошт.Токунун чандини кишвар аз ҷумла Созмони Милал, Чин, Беларус, Ҳинд, Ироқ, Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Фаронса, Сурия, Миср, Туркия, Африқо, Бразил, Арабистон ва дигар кишвар бо давлату мардӯми Руссия ибрози ҳамдардӣ ва ҳамбстагӣ намӯда ва ба хонаводаҳои қӯрбониён тасалият гӯфтанд ва ин ҳодиса ва ҳамлаи террористиро ба шиддат маҳкӯм кардаанд.
 
Ҳамчунин кишварҳо тамоюли хӯдро барои идомаи ҳамкории наздик дар заминаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ки таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти ҷомеаи байналмилалӣ ҳастанд, эълом карданд.
  
Ёдовар мешавем, ки ҳаргӯна мӯборизаи мӯштарак ва муассир бо терроризм, ниёзманди иқдоми ҷиддӣ ва бидуни табъизи ҷомеаи байналмилалӣ аст.
 
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст