
Шукр ба маънои сипосгузорӣ, раҳмату ташаккур гӯфтан ва қадрдонӣ аз ҳар соҳиби неъматест, ки ба инсон неъмат медиҳад. Ин неъматдиҳанда гоҳе Худованди Меҳрубон аст ва гоҳе ҳам бо лутфу инояташ бандагонаш мебошанд, ки бо қудрату роҳнамоии Худованди Меҳрубон инсонҳо ҳам хайррасонӣ ва саховат менамоянд ва ҳам сипосгузорӣ ва қадрдониро баҷо меоваранд. Шукргузорӣ гоҳе бо қалб, гоҳе бо забон ва гоҳе бо итоъату амал аст.[1] Хӯлосаи сӯхан дар ин бора ин,ки Шукргузорӣ ва қадрдонӣ аз Худованди Меҳрубон ва ҳар некӯкор ва саховатманде, нишонаи инсонияту хирадмандӣ, имону диндорӣ ва инсофу адолатпешагист. Баръакс ношукрӣ ва куфрони неъматҳо нишонаи ҳайвонӣ ва беимонию саркашист.
Ваҳдат ва муттаҳид будан аз беҳтарин неъматҳои Худованди Карим аст, ки бақою ҳаёти инсонҳо, орзуву армонашон, рӯшду таҳкими миллату давлатҳо дар сояи он имконпазир аст. Шуъӯрнокӣ ва пӯхтагии як инсон ва ё як миллатро метавон дар дарку риъояти онҳо аз ваҳдат ва ҳамбастагиашон ба хӯбӣ фаҳмид. Самара ва ҳосили иттиҳоду ҳамбастагиро наметавон бо чизе муқоиса намӯд ва ё шумориш кард. Барои ҳамин динҳои осмонӣ ва таҳрифнашуда инсонҳоро ҳамеша ба тавҳидбоварӣ ва ягонапарастӣ даъват мекунанд ва гирди калимаи тавҳид онҳоро ҷамъу муттаҳид месозанд ва аз ихтилофу парокандагӣ манъ менамоянд. Чунки тамоми азобҳо ва мушкилоти дӯнёи аз иқтисодӣ гирифта то амниятию сиёсӣ решаашон нотавонӣ ва парокандагӣ инсонҳо мебошад. Шумо ин мушкилотро ба осонӣ метавонед дар ҷангу ноамниҳои имрӯзӣ бибинед. Зӯргӯёну золимон ҳамеша ба инсонҳои заифу нотавон ва пароканда ҳамла ва таҷовӯз мекунанд ва ҷону сарвати онҳоро тороҷ менамоянд. Зӯргӯёну золимон ба инсонҳо ва миллатҳои муттаҳид ва қавӣ ҷӯръати ҳамла карданро надоранд. Барои аҳамият, арзиш ва фоидаҳои иттиҳоду ҳамбастагӣ ҳамин бас аст, ки Худованди Меҳрубон ҳамаи инсонҳоро ба барпо доштан ва риоят кардани он супориш ва амр намӯда аст ва аз раҳо кардан ва парокандагӣ ба шиддат манъ карда аст ва ҳатто ваъдаи азоби сахт ҳам дода аст. Дар дини ислом ихтилофу парокандагӣ гӯноҳ бисёр хатарнок аст, ки Пайғамбари Акрам борҳо мусулмононро аз он ҳӯшдор медоданд ва барҳазар медоштанд. Дар ин ҳадиси нӯрониашон Расули Акрам(с) мефармоянд:
مَن لم يَشكُرِ القليلَ لم يَشكُرِ الكثيرَ، ومَن لم يَشكُرِ الناسَ لم يَشكُرِ اللهَ[2]، والتحدُّثُ بنِعمةِ اللهِ شُكرٌ، وتَرْكُها كفْرٌ، والجماعةُ رَحمةٌ، والفُرقةُ عَذابٌ [3]
Касе, ки ба неъмати андак шукр накунад, ба неъмати зиёд ҳам шукр нахоҳад кард ва касе, ки аз мардӯм шукргӯзорӣ накунад, аз Худованд низ шукргӯзорӣ нахоҳад кард, ёдоварию эътироф кардан ва дурӯст истифода намӯдани неъматҳои Худованд шукргӯзорӣ мебошад ва фаромӯшӣ, эътироф накардану дурӯст истифода накардани онҳо ношукрист, муттаҳид ва сарҷамъ будани инсонҳо раҳмат аст ва парокандагӣ ва ҷудоӣ азоби илоҳӣ аст.
Худоё моро дар шинохту шукргӯзорӣ аз неъматҳоят муваффақ бигардон ва дар дарку риояти беҳтари неъмати ваҳдату ҳамбастагӣ ёрӣ бифармо ва аз ихтилофу парокандагӣ ва азобаш дар паноҳат ҳифз бифармо ва мазлӯмону зифони оламро бар золимону зӯргӯён пирӯз бигардон!
[1]- Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадоту фи ғариб-ил-Қуръон, с.265
[2] - Саҳеҳи Термизӣ, ҳадиси 1955
[3] -Муснади Аҳмад, ҳадиси 18449