
Эй дил, ғуломи шоҳи ҷаҳон бошу шоҳ бош,
Пайваста дар ҳимояти лутфи Илоҳ бош!
Аз хориҷӣ ҳазор ба як ҷав намехаранд,
Гӯ, кӯҳ то ба кӯҳи мунофиқ сипоҳ бош!
Чун Аҳмадам шафеъ бувад рӯзи растахез,
Гӯ, ин тани балокаши ман пургуноҳ бош!
Онро, ки дӯстии Алӣ нест, кофир аст,
Гӯ, зоҳиди замонаву гӯ, шайхи роҳ бош!
Имрӯз зиндаам ба вилои ту, ё Алӣ,
Фардо ба рӯҳи поки имомон гӯвоҳ бош!
Қабри имоми ҳаштуму султони дин Ризо,
Аз ҷон бибӯсу бар дари он боргоҳ бош!
Дастат намерасад, ки бичинӣ гуле зи шох,
Боре ба пойи гулбуни эшон гиёҳ бош!
Марди худошинос, ки тақво талаб кунад,
Хоҳӣ сапедҷомаву хоҳӣ сиёҳ бош!
Ҳофиз, тариқи бандагии шоҳ пеша кун,
В-он гоҳ дар тариқ чу мардони роҳ бош!
Ҳофизи Шерозӣ