
Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[1], ҳатто агар хӯдаш ҳам онро ба даст наёварад.
Инсони ҳасӯд бисёр хатарнок аст, талош мекунад то ба дигарон зарару зиён бирасонад. Ҳасад варзидан навъе дӯшмани намӯдан ба дигарон ба хотири сарват, шӯҳрат ё пешрафтҳои онҳост. Ин амали ҳасад варзидан бадтарин гӯноҳ дар дини Ислом мебошад, сарчашмаи тамоми бадиҳо ва нобуд кунандаи амалҳои нек ва савоб мебошад. Пайғамбари Акрам (с) дар бораи хатарнокии ҳасодат ва ҳосили он мефармоянд:
إيَّاكُم والحَسَدَ، فإنَّ الحَسَدَ يأكلُ الحَسَناتِ، كما تأكلُ النارُ الحَطَبَ
Аз ҳасад варзидан парҳез кунед, зеро ки дар ҳақиқат ҳасад варзидан некиҳоро аз байн мебарад, ҳамчунон ки оташ ҳезӯмро месӯзонад.[2]
Имрӯзҳо каме андеша кунем, ба ин масъала мерасем, ки бештари ранҷу гирифтории инсонҳо аз ҳасад варзидани ба дигарон аст. Ҳасодат варзидан чӣ пинҳон ва чӣ ошкор навъе дахолат ва зӯлм ба кору зиндагии дигарон аст. Ин амали хатарнок, аввал инсони ҳасадварзро ноором ва нобуд месозад, баъд дигаронро. Ҳасодат қалбу ҷисми инсонро мариз ва дӯчори дардҳои бад менамояд, ки ҳазина додани зиёдро ба бор меоварад.
Дар ҳадиси дигаре ҳазрати Расули Худо (с) ҳасадро зидди имон муарифӣ намӯда мефармоянд:
Дар ҳадиси дигаре ҳазрати Расули Худо (с) ҳасадро зидди имон муарифӣ намӯда мефармоянд:
لا يجتمعانِ في قلبِ عبدٍ الإيمانُ والحسدُ
Ҳасад ва имон ҳеҷгоҳ дар дили як нафар ҷамъ намешаванд.[3]
Бале шак накунед, ки ҳасодат инсонро беимон ва пайрави шайтон мегардонад ва дар сафи дӯшманони Худо ва мӯминон қарор медиҳад. Бинобарин барои ҳар мусулмон бисёр мӯҳим аст, ки хӯд ва дигаронро аз ин офати динӣ ва дӯнёӣ ҳифз намояд, то ақлу имон ва ҷомеъаи солиму амн дошта бошанд.
Эй ҳасодат дӯр шав аз синаам
Синаи бо ёди ҳақ оинаам
Эй ҳасодат офати дини манӣ
Оташе дар роҳи оини манӣ
Эй ҳасодат ҳамдами ман чун шавӣ
Синаамро боиси ғам хун шавӣ
Эй ҳасодат қалби ман кардӣ ту кӯр
Аз фазилатҳо маро кардӣ ту дӯр
Эй ҳасодат сӯхтам ман сӯхтам
В-андар он норе, ки хӯд афрӯхтам
Эй ҳасодат сӯхтӣ Қобилро
Куштӣ бе ҷӯрму гӯнаҳ Ҳобилро
Эй ҳасодат аз вуҷӯдам дӯр шав
Гӯм кун хӯдро дарӯни гӯр шав ...
[1]- Ғаззолӣ, Кимиёи саодат, ҷ. 2; Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадоту фи ғариб-ил-Қуръон, с.118
[2] - Сунани Абудовуд, ҳадиси 4903
[3] - Сунани Нисоӣ, ҳадиси 3109