
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
قال الله تعالى فی محكم كتابه الكريم:
وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ
Ҳар ончӣ Паёмбар(с) ба шумо додааст, бигиред ва он чиро, ки бар шумо ҳаром кардааст, парҳез кунед. Аз Худо битарсед, ки баростӣ Худо азобаш бисёр сахт аст![1]
عن بريدة الأسلميّ رضي اللّه عنه، قال: غزوت مع علي إلى اليمن فرأيت منه جفوةً، فقدمت على رسول الله صلّى الله عليه وسلّم فذكرت عليّاً فتنقّصته، فرأيت وجه رسول الله صلّى الله عليه وسلّم يتغيّر، فقال: يا بريدة، ألست أولى بالمؤمنين من أنفسهم؟ قلت: بلى يا رسول اللّه، فقال: من كنت مولاه، فعليٌّ مولاه
Аз саҳобаи бузӯрг Бурайдаи Асламӣ(рз)ривоят шуда, ки мегӯяд: Ҳамроҳи Алӣ(рз) дар як сафари ҷангӣ ба Яман сафар кардам, вале дидам, ки Ӯ сарду сахт рафтор мекунад. Назди Расули Худо (с) омадам, аз сахтгирии Алӣ (рз) шикоят кардам ва дар ҳаққи Ӯ сухани бад гӯфтам. Чеҳраи Расули Худо(с)-ро дидам, ки дигаргӯн шуд. Ҳазрат (с) фармӯд: «Эй Бурайда, оё ман барои мӯъминон аз хӯдашон сазовортар нестам? Гӯфтам: Бале, эй Расули Худо(с). Ҳазрат(с) боз фармӯд: Ҳар ки ман сарвару мавлои ӯ бошам, Алӣ (рз) низ сарвару мавлои ӯ ҳаст.[2]
Ҳарчанд ин ҳадиси нӯронӣ шаъни нузулаш дар ғадири хӯм аст, вале ба муносибат ва шароитҳои гуногӯн низ Расули Худо(с) онро ба саҳобагони киром ёдоварӣ ва таъкид мекард. Дар ин ҳадиси нӯронӣ ва ҳаётӣ Расули Худо(с) Алӣ (рз)-ро ба унвони сарвару сарпсрасти уммати исломӣ муаррифӣ намуд то дӯшманони дин баҳонае барои таъна задан, аз байн бурдани дин ва ё таҳрифи он надошта бошанд. Худованди карим ҳамаи корҳояшро ҳакимона ва маҳкам анҷом медиҳад ва ҳеҷкасе нақсе дар дин ва амалҳои Худованди ҳаким намеёбад.
Худоё! Мо дин ва фармоишоти Расули гиромиат(с)-ро бо ҷону дил мепазирем ва таслимем. Шукрона менамоем, ки олимтарин ва одилтарини бандаи солеҳат амиралмӯъминин Алӣ (рз)-ро сарвар ва имоми уммат қарор додӣ ва нагӯзоштӣ, ки бандагонат саргардону ҳайрон бимонанд ва дӯшманонат шод, балки кофирону мӯнофиқону бадхоҳонро ноумед сохтӣ ва дасташонро аз сари мусулмонон кӯтоҳ кардӣ. Ин рӯз ва ин неъмати таъини раҳбар ва имомро мо уммати исломӣ қадр медонем ва ҷашн мегирем. Мо ба навбаи хӯд ба тамоми мусулмонону парҳезкорон ин рӯзи муборакро табрику таҳният мегӯем.
[1] - сураи ҳашр, ояти 7
[2] -Мустадрак ъала ас-саҳеҳайни Ҳоким, ҳ. 4638 ва Саҳеҳи Термизӣ, ҳ.3713