Ахлоқи Пайғамбар (с)
 
Олитарин ва боризтарин хусусияти Пайғамбар (с) буъди ахлоқии эшон будааст. Қуръон дар ин бора мегӯяд, ки وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٍ
«Ту ахлоқи бузӯрг ва барҷастаи дорӣ!».  [1]
 
Дар васфи рафтор васифоти Пайғамбар (с) гуфтаанд, ки ағлаб хомӯш буд ва ҷуз дар ҳадди ниёз сухан намегуфт. Ҳаргиз тамоми даҳонро намекушод, бештар табассум дошт ва ҳеҷ гоҳ бо овози баланд намехандид, чун ба касе мехост рӯй кунад, бо тамоми тани хеш бармегашт. Ба покизагӣ ва хушбӯӣ бисёр алоқаманд буд, чандон ки чун аз ҷое гӯзар мекард, раҳгӯзарон пас аз ӯ, аз асари бӯи хӯш, ҳузӯрашро дармеёфтанд.
 
Дар камоли содагӣ мезист, бар замин менишаст ва бар замин хӯрок мехӯрд ва ҳаргиз такаббур надошт. Ҳеҷ гоҳ то ҳадди серӣ ғизо намехӯрд ва дар бисёре маворид, ба вижа он гоҳ ки нав ба Мадина даромада буд, гурӯснагиро пазиро буд. Бо ин ҳама, монанди роҳибон намезист ва хӯд мефармуд, ки аз неъматҳои дунё ба ҳад, баҳра гирифта, ҳам рӯза дошта ва ҳам ибодат кардааст. Рафтори ӯ бо мусулмонон ва ҳатто бо мутадайинони дигар адён, равише мубтанӣ бар шафқату бузӯргворӣ ва гӯзашту меҳрубонӣ буд. Сират ва зиндагии ӯ чунон баро дили мусулмонон форам буд, ки то ҷузъитарин гӯшаҳои онро сина ба сина нақл мекарданд ва онро имрӯз ҳам сармашқи зиндагӣ ва дини хӯд қарор медиҳанд.
 
Тавозуъаш чунон буд, ки монанди бандагон ғизо мехӯрд ва бар замин менишаст ва ба таъбири Имом Содиқ (а) аз замоне, ки мабъус шуда ҳеч гоҳ дар ҳолате, ки такя дода буд ғизо нахӯрд.[2]
Амири муъминон Алӣ (а) дар тавсифи симои Пайғамбар (с) мефармояд: «Ҳар кас бидуни ошноии қаблӣ ӯро медид ҳайбаташ ӯро фаро мегирифт. Ҳар кас бо ӯ муошират мекард ва бо ӯ ошно мешуд дӯстдори ӯ мегардид!». [3]«Пайғамбар нигоҳашро байни ёронаш тақсим мекард ва ба ҳар кас ба андозаи баробар назар меафканд».« Ҳаргиз Расули Худо бо касе даст надод, ки дасташро аз дасти ӯ бардорад, ҷуз он ки он тараф ибтидо дасташро бикашад».[4]
 
Пайғамбар (с) бо ҳар касе ба андозаи зарфият ва ақлаш гуфтугӯ мекард. Афв ва бахшиши ӯ ба ҳар кас ки зӯлме нисбат ба ӯ муртакиб шуда буд, назди ҳама шӯҳрат дошт, ба тавре, ки ҳатто ваҳшӣ (қотили амӯи хӯд Ҳамзаро ) ва Абусуфён, дӯшмани деринаи Исломро низ бахшид. Пайғамбар (с) пас аз Ислом овардани ваҳшӣ ва гӯзориши ӯ дар бораи чигӯнагии куштани Ҳамза ӯро бахшид ва ба ӯ фармӯд: «غيّبْ وجهك عني» хӯдатро аз назарам дӯр бидор (пеши чашмонам зоҳир машав). [5]




[1] 1-Сураи Қалам, ояти 4.
[2] - Сунан-ун-набӣ, ҷ.1, саҳ.214
[3] - Аш-Шифо битаърифи ҳуқуқил Мустафо, ҷ.1, саҳ.150
[4] - Ал-Бидояту ва ан-ниҳоя, ҷ.6, саҳ.39
[5]- Ибни Асир, ал-Комилу фи ат-торих, ҷ.2, саҳ.251.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст