Моҳи Зилҳиҷҷа, бахусӯс даҳаи аввали он танҳо ба зоирони Ҳаҷ ихтисос надорад, балки фазилатҳое, ки дар ин моҳ ва рӯзҳои аввали он қарор дода шудааст. Чӣ дар сарзамини ваҳй бошем ва чӣ набошем, метавон бо анҷоми аъмоли тавсияшуда аз ҷониби Паёмбар(с) ва Имомон, аз он баҳра бурд.
Ибодат ва кори нек дар ҳеҷ рӯзҳое ба андозаи 10 рӯзи аввали моҳи Зилҳиҷҷа фазилат ва подош надорад.
 Расули Худо (с) мефармоянд:
ما من أيَّامٍ أعظمُ عندَ اللهِ ولا أحبُّ إليهِ العملُ فيهنَّ من هذِه الأيَّامِ العشرِ فأكثروا فيهنَّ منَ التَّهليلِ والتَّحميدِ والتسبيح والتَّكبيرِ
Ҳеҷ айёме назди Худованд аз ин бузӯргтар нест, ки амали солеҳ дар он маҳбубтар аз ин рӯзҳои даҳгона (даҳаи аввал моҳи Зилҳиҷҷа) бошад, пас дар ин рӯзҳо таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ), такбир (Аллоҳу Акбар) ва таҳмид (Алҳамду лиллоҳ) бисёр бигӯед.[1]
Пас, ҳар амали хайр ва ибодате,ки дар ин моҳ ба вижа дар ин даҳ рӯзи аввали моҳи Зилҳиҷҷа анҷом шавад, метавонад баракат ва савоби зиёдеро касб намояд. Амалҳои мустаҳабии хоссе низ барои ин рӯзҳо зикр шудааст, ки ба бархе аз муҳимтарини онҳо ишора менамоем:

1-Бисёр амалҳои хайр кардан
2- Намоз
3 - Рӯза
4- Иҷрои ҳаҷ ва умра
5- Такбир (Аллоҳу Акбар), Таҳлил (Ла илоҳа иллалоҳ) ва Таҳмид (Алҳамдулиллоҳ)
6- Бисёр хондани Қуръон
7- Садақа додан
8- Рӯза гирифтан дар рӯзи Арафа
9- Чашмро аз чизҳои ҳаром ҳифз кардан
10- Хондани намози ҷамоат
11- Бо падару модар некӣ кардан ва пайванди хешутабориро нигоҳ доштан
12- Хондани намози нафл
13- Амри маъруф ва наҳй аз мункар
14- Нигоҳ доштани узвҳо,ки муҳимтар аз ҳама забон аст.

    Яке аз аъмоли мӯҳим дар ин даҳа рӯза гирифтан аст. Касоне, ки тавоноӣ дошта бошанд, ҳамаи ин даҳ рӯзро рӯза бигиранд. Агар наметавонанд, пас рўзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза бигиранд. Агар он ҳам имкон надошта бошад, рӯзҳои 7-ум, 8-ум ва 9-уми ин моҳ рӯза бидоранд. Агар ин ҳам барояшон муяссар набуд, пас рӯзи Арафа рӯза бигиранд.
 
 
[1] – Саҳеҳи Термизӣ, ҳадиси 757 ; Муснади Аҳмад, ҳадиси 5446
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст