
Худованди мутаъол инсонро офарид то инки Ӯро ибодат намоянд ва инсонҳо ҳам бо ин роҳ ба саъодати дӯнё ва охират бирасанд. Ҳадаф аз ибодат ҳам фақат намоз хондан нест, балки итоъат ва фармонбардории маҳзи Худованди таъоло аст. Ибодат ва фармонбардори маҳз барои ин аст, ки Худованди таъоло инсонҳоро офарида аст, ҳаққи ҳидоят ва роҳнамоии онҳо низ бар ӯҳдаи Ӯ мебошад. Фақат Худованд ва Офаринандаи инсон аст, ки ниёзҳои аслӣ ва ҳақиқии инсонро мешиносад ва ба вай муарифӣ менамояд то саргардону гӯмроҳ ва хору фақир дар дӯнё ва охират дар азобу ранҷ намонад.
Барои ҳамин Худованди таъоло кори ноқис ва беҳӯда намекунад, чунки Ӯ олиму ҳакими комил аст ва бениёз аз сӯду подошу ҳама чиз мебошад. Кори ноқис ва беҳӯдаро касе анҷом медиҳад, ки камсавод ва нодон бошад ва надонад, ки ин кор ҳосилу самара надорад ва бад ҳам мебошад. Аз тарафе ҳам сӯдҷӯёни хӯдхоҳи золим барои фиреби дигарон ва касби фоидаҳои нодурӯсту нопок кори ноқис ва хароб анҷом медиҳанд, ки инҳо ҳам бахотири нодонӣ ва золим буданашон аст. Худованди таъоло аз ин гӯна амалу корҳои ноқису нопок ба дӯр аст, чунки Ӯ олиму одилу зебост ва фақат амали зебою одилона анҷом медиҳад. Барои ҳамин ҳеҷгӯна айбу нақс ва носозгорию зиддияте дар сӯханону амалҳои Худованди таборак ва таъоло наметавон пайдо кард. Ин аз тафовутҳои мӯҳими Худованди карим бо дигарон аст, ки дар сӯхан гӯфтан росттаринашро баён мекунад ва дар амал кардан ҳам беҳтарину маҳкамтарин амалро анҷом медиҳад, дигарон тавонашро надоранд.
Ҳарчӣ, ки инсон дар ба вуҷӯд омадани хӯд(оғози зиндагӣ) ва ба кадом ҷой расиданаш(поёни зиндагӣ)фикру андеша мекунад, бештар ба ҳадафманд будани корҳои Парвардигори олам пай мебарад. Инсофу қадрдонӣ ҳам ҳамин аст, ки инсон ҳаргӯна неъмату хӯбиҳое, ки аз ҳаркас дарёфт менамояд, фаромӯш накунад ва пос бидорад. Ҳатто коре кунад, ки ҳамеша неъматдиҳанда ва хӯбикунанда аз вай розию хӯшнӯд бошад. Бале рози достони бандагӣ ва фармонбардории инсонҳо аз Худованди таъоло ҳам ба андешаю инсоф доштани инсонҳо бармегардад, ки бо ихтиёру интихоби оқилонаашон анҷом медиҳанд. Бе инки инсонҳоро касе маҷбӯр ба бандагӣ ва фармонбардории аз Худованди таъоло намояд, онҳо бо ақлу инсофи хӯд инро дарк ва интихоб менамоянд. То ҳол, касе натавониста аст, инсонҳоро аз бандагӣ ва интихоби оқилонаашон манъ намояд ва то ҳол чандин бор исбот шуда аст, ки касе тавони манъ намудани инсонҳо аз бандагӣ ва фармонбардории Худовандро надошта аст. Аммо интавр нест, ки роҳи бандагии Парвардигор ва касби фазилатҳои инсонӣ осону бедӯшман бошад, балки ҳамеша дӯшмани некӣ ва интихобҳои неку оқилона вуҷӯд дошта аст. Вале дар ниҳоят, интихобҳои нек ва оқилона бар интихобҳои хӯдхоҳона ва ғайри мантиқӣ пирӯз хоҳанд шуд. Сирраш ҳам ин аст, ки инсонҳо ҳамаашон ёрӣ кунандаи золимону хӯдхоҳону сарватпарастон нестанд ва инро намепазиранд, балки ҳамеша саъй мекунанд, тарафдору ёвари одилону содазистону ҳақгароён бошанд ва ба сӯи зиндагии амну шарофатмандона ҳаракат кунанд. Инҷост, ки рози парастиш ва бандагии Худованди меҳрабон намоён мегардад, ки ҳақталабӣ ва ҳақиқатхоҳӣ дар ниҳод ва дарӯни инсонҳо қарор дода шуда аст, ки онҳоро ба сӯи арзиш ва итихобҳои воло ва нек мекашонад. Ҳар инсони оқилу боинсофро агар бипурсӣ, аз бандагӣ ва фармонбардории Худованди таъоло зарар мебинӣ ё фойда?
Дар ҷавоб инро хоҳӣ ёфт, ки фармонбардорӣ аз олиму одил беҳтарин ва бештарин фойда ва саъодатро дар пай хоҳад дошт на баръакс. Каме андеша кунӣ, мебинӣ расидани ба ҳар навъ некӣ ва фойдаи нек ё аз тариқи илму ақли хӯдат имконпазир аст ва ё аз илму ақлу роҳнамоии ғайри хӯдат. Мумкин нест, ки аз ҷаҳлу нодонӣ ва илму роҳнамоии нодурӯст касе ба хӯбию некӣ бирасад. Шакке нест, ки Худованди таъоло беҳтарин ва комилтарин олиму одил аст ва ҳайфу беақлист, ки инсон ба тарафи олиму одил наравад ва гӯши ҷон ба Ӯ илму роҳнамоии дурӯсташ насупорад ва пешрафт накунад.