Мардӯми Эрони исломӣ, имсол ҳам монанди солҳои гӯзашта 46-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломиро дар 22  баҳмани 1403 ҳамзамон бо 10-уми феврали 2025 бошукӯҳ ҷашн гирифтанд.
 
Маросими ҷашни 46-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон имсол низ ҳамонанди солҳои гӯзашта бо роҳпаймоӣ ва ҳузӯри гӯстарда аз қишрҳои мухталифи мардӯм дар Теҳрон ва 1400 шаҳру ноҳия ва ҳамчунин беш аз 37000 деҳоти ин кишвар баргӯзор шуд.
 
Маросими ҷашни пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон, ки  бо ҳузури пӯршур ва гӯстардаи мардӯм дар саросари Эрон ба шакли роҳпаймоӣ баргӯзор мешавад, дорои шиорҳо, баёнияҳо ва паёмадҳои хосси дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Аз ҷӯмла паёмадҳои хосси дохилӣ он эълом ҳамбастагӣ ва таҷдиди паймон бо ҳадаф ва ормонҳои Инқилоби исломии Эрон, ҳазрати имом Хумайнӣ (рҳ) ва Раҳбари муазами Инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ аст. Мардӯми мусулмони Эрон бо ин роҳпаймоӣ ва ҳузӯри гӯстардаи хӯд нишон медиҳанд, ки ҳамчунон бовафо, омода, пойбанд ва пайрави инқилоб, ислом ва имомашон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳастанд.
 
Шиор ва ормони аслии Инқилоби исломии Эрон “Истиқлолталабӣ”, “Озодихоҳӣ” ва “Ҷумҳурии Исломӣ”аст, ки дар ҳақиқат миллати шӯҷоъи Эронро зӯлмситез ва адолатхоҳ ба бор меоварад то ҳамеша омодаи пешрафт ва пӯшитбони мазӯлмону заъифон ва хори чашми золимону зӯргӯён бошанд.
 
Инқилоби исломии Эрон бо раҳбарии ҳакимонаи имом Хӯмайнӣ (рҳ) ва ҳимояти мардӯми огоҳ ва мусулмони Эрон, ҳудуди 45 сол пеш дар 11-уми феврали 1979 дасти Амрикову Англисро аз ғорати сарват ва сарзамини Эрон қатъ кард.
 
Дар саҳнаи байналмилалӣ ҳам, Инқилоби исломии Эрон бо пайрави аз усӯли исломӣ ва инқилобиаш ва ҳаракати адолатхоҳонаи хӯд, пӯшитбони кишвару миллатҳои заъиф ва мазӯлми дӯнё, монанди Фаластин қарор гирифт ва табиатан дар баробари таҳдиду таҳримҳои кишварҳои капиталист, султагару истикбори ғарбӣ ва зӯргӯёни ҷаҳон низ қарор гирифт. Саранҷоми муқовимату мӯборизаи ҳамаҷониба бо низоми капиталистии байналмилалӣ ба хусӯс кишварҳои истикбории ғарбӣ (Амрикову Аврупо), Ҷумҳурии исломии Эронро ба як кишвари муқовим ва улгӯи истиқлолталабону адолатхоҳон табдил кард. Ҷумҳурии исломии Эрон акнун ба як қудрат ва бозигари таъсиргӯзори минтақаӣ ва ҷаҳонӣ табдил шудааст, ки таъсирашро дар ислоҳи сохтори низоми байналмилал ва шаклгирии назми навини ҷаҳонӣ наметавон нодида гирифт.
 
Роҳу ҳадафи инқилоби исломии Эрон, ҳамон ҳадаф ва роҳи паёмбарони илоҳӣ мебошад, ки миллати шариф ва шӯҷоъи Эрон онро пазирӯфтанд ва боифтихору истиқомат ба самти пешрафту истиқлол пеш мераванд. Ин ҳама қудрат ва пешрафтҳои илмӣ, динӣ, санъатӣ, дифоъӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмилалие, ки миллати боҳӯш ва шӯҷоъи Эрон ба даст оварад аст, дар ҳақиқат башоратҳоест, ки ҳазрати Расули Акрам(с) аз он хабар дода аст.
 
Дар бораи талоши ҳӯшмандона ва ҳаматарафаи миллат ва фарзандони Форс дар роҳи илму маърифат, Расули Акрам(с) хитоб ба ҳазрати Салмони Форсӣ(рз) фармӯданд:
لَوكانَ العِلمُ بالثُّريّا لَتَناوَلَهُ رِجالٌ مِن فارِسَ
Агар илм (пешрафти дунё ва охират) дар Сӯрайё бошад, мардӯмоне аз фарзандони Форс ҳатман онро ба даст меоваранд. (Саҳеҳи ибни Ҳаббон, ҷ.16,с.299)
 
Дар ҳадиси дигаре ҳазрати Расули Акрам (с) фармӯдаанд:
لَوْ كَانَ الدِّينُ عِنْدَ ‏ ‏الثُّرَيَّا ‏ ‏لَذَهَبَ بِهِ رَجُلٌ مِنْ فَارِسَ‏ ‏أَوْ قَالَ مِنْ أَبْنَاءِ فَارِسَ‏ ‏حَتَّى يَتَنَاوَلَهُ
Агар дин(илму маърифати илоҳӣ) дар Сурайё бошад, онро фарзандони Форс албатта ба даст меоваранд. (Саҳеҳи Муслим,ҳ.6497)
 
Дар ҳадиси дигаре ҳам ҳазрати Расули Худо(с) хитоб ба ҳазрати Салмони Форсӣ(рз) фармӯдаанд:
وَالَّذي نَفسي بيَدِهِ لَو كانَ الإيمانُ مَنوطًا بالثُّريَّا لَتَناولَهُ رجالٌ من فارسَ
Қасам ба касе, ки ҷонам ба дасти Ӯст, Агар имон дар Сурайё овезон бошад, онро мардӯмоне аз фарзандони Форс албатта ба даст меоваранд.(Саҳеҳи Термизӣ, ҳ.3261)
 
Дар ин бахш аз гӯзориш, гӯзориши тасвириеро аз ҳузӯри гӯстарда ва бошукӯҳи миллати шариф ва шӯҷоъи Эрон, дар роҳпаймоӣ ва ҷашни 46-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломиро хоҳед дид, ки рӯҳи умед ва муқовиматро дар уммати исломӣ ва Озодихоҳони ҷаҳон зинда менамояд:

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст