Ба гӯзориши хабаргӯзории Форс, “Майкл Фахрӣ”, гӯзоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқӯқии ғизо, сӯбҳи панҷшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи «Ал-Ҷазира» гӯфт: «Мо аз ҳар василаи мавҷӯд барои тавсифи ваҳшат ва даҳшатбории ончи Исроил дар Навори Ғазза анҷом медиҳад, истифода кардем».

 

Ӯ бо баён доштани ин ки режими саҳюнистии Исроил ба таври систематикӣ аз ғизо ҳамчун силоҳ истифода мекунад, афзӯд: «Мо гӯфтем, ки Исроил даст ба наслкушӣ, гурӯснагии иҷборӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ мезанад».

 

Шабакаи Ал-Ҷазира низ ба нақл аз ин мақоми Созмони Милал гӯзориш дод: «Ҷаҳон бояд фавран Исроилро таҳрим кунад».

 

Ин изҳороти Майкл Фахрӣ, гӯзоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқӯқии ғизо, дар шароите баланд мешавад, ки вазъият дар Навори Ғазза бисёр рӯ ба бадтар шудан аст ва ҳазорон фаластинӣ, бахусӯс кӯдакон, зери бомбаборонҳо ва муҳосираи сахти Исроил қарор доранд. Ӯ бо таъкид бар ин ки Исроил ғизоро ба унвони як абзори ҷангӣ истифода мекунад, гӯфт: истифодаи гуруснагӣ ҳамчун силоҳ барои шиканҷаи ҷомеаи инсонӣ на танҳо нақзи фоҳиши қонунҳои байналмилалӣ аст, балки намунаи равшани ҷинояти ҷангӣ ва наслкушии барномарезӣ шуда мебошад.

 

Фахрӣ ишора кард, ки ин бархӯрди Исроил на танҳо ба кӯдакони фаластинӣ зӯлм мекунад, балки ҷаҳонро низ дар баробари як фоҷиаи бузӯрги инсонӣ бетараф нишон медиҳад. Ӯ гӯфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ — аз ҷумла кишварҳои ғарбӣ, ки шояд бо баҳонаҳои сиёсӣ хомӯшӣ пеша кардаанд — акнун дигар наметавонанд чашм пӯшанд ва бояд фавран бо таҳримҳои ҷиддӣ, Исроилро зери фишор қарор диҳанд.

 

Изҳороти ин мақоми баландпояи СММ метавон як ҳушдори шадид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, ки нокомии он дар муқобила бо зӯлми систематики Исроил алайҳи мардӯми Фаластин, метавонад ба беэътимодӣ ба низоми ҳуқӯқи байналмилалӣ ва сохторҳои СММ бианҷомад. Ӯ таъкид кард, ки агар ҷомеаи байналмилалӣ дар баробари ин наслкушӣ хомӯш бимонад, ин на танҳо шармандагии ахлоқист, балки ба маънии шарикӣ дар ҷиноят мебошад.

 

Сандуқи кӯдакони СММ (Юнисеф) бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти ваҳшатноки мардӯми Ғазза, ба вижа кӯдакон, хостори поёни муҳосираи ин борика шуд.

Юнисеф: “Кӯдакон дар Ғазза бемор, ташна ва гурӯсна ҳастанд. Кӯдакони фаластинӣ акнун бо вахимтарин буҳрони инсонӣ ба далели ҷанг рӯ ба рӯ ҳастанд”.



@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст