
ЯКШАНБЕ, 22 июн — ба гӯзориши Спутник, Амрико расман дар набард бар зидди барномаи ҳастаи Эрон бо Исроил якҷо шуд.
Трамп аз ҳамла ба Эрон тақрибан соати 3-и субҳи вақти Маскав хабар дода, гӯфт, ки зарбаҳо ба таъсисоти ҳастаии Фордо, Натанз ва Исфаҳон анҷом дода шудаанд.
Ҳамла, ба гӯфтаи президенти Амрико, "хеле муваффақ буд" ва дарҳол пас аз он ӯ Теҳронро ба сулҳ даъват кард ва амалашро як лаҳзаи таърихӣ номид.
Аммо МАГАТЭ гӯфта аст, ки то ҳол дар пайи ҳамлаҳои Амрико дар беруни таъсисоти ҳастаии Эрон афзоиши мизони радиатсияро ошкор накардааст.
Дар айни ҳол баъд аз ҳамлаи шаби гӯзаштаи Амрико ба таъсисоти ҳастаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, мақомоти ин кишвар изҳор доштанд, ки садама ва хесорати ҷузъӣ ба таъсисоти ҳастаиашон ворид шуда аст ва асли маводи ғанишудаи уранро ба ҷои амне интиқол додаанд.
Аммо Амрико бо ҳамлаи мустақим ва ошкори хӯд ба Ҷумҳурии Исломии Эрон хатои бузӯрг кард. Дасти Эрониёнро барои ҳамлаи машрӯъ ва қонунӣ ба Амрикоиҳо боз кард, ки дигар поёни ҷангро Эрониҳо таъин мекунанд на дигарон.
Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, ал-Бухайтӣ узви аршади Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба ин ки режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба муассисаҳои ҳастаии Эрон тамоми хатҳои сурхро зери по гӯзошт, гӯфт: Ба ҳамагон мегӯем, ки дар сурати таҷовӯз ба ҳар кишвари арабӣ ва исломӣ, посухи Яман ҳатмӣ аст ва Яман ҳам ба ин ҷанг ворид хоҳад шуд.
Ӯ таъкид кард: Мо барои ҳимоят аз Эрон дар баробари таҷовӯзоти режими саҳюнистӣ мудохила хоҳем кард, ҳамон тавре ки аз бародаронамон дар Ғазза ҳимоят кардем.