Сарвазири собиқи Малайзия бо интиқоди сахт аз сокит будани Ғарб нисбат ба ҳамлаҳои режими саҳюнистии Исроил ба Ғазза, Амрикоро ҳамчун ҳомии қатли ом ва таҳдидкунандаи мухолифони он донист.
 
Ба гӯзориши хабаргӯзории Меҳр, Маҳатир Муҳаммад, сарвазири собиқи Малайзия дар садумин солгарди таваллудаш бо интиқоди сахт аз рӯйкарди Ғарб ва Амрико нисбат ба ҳамлаҳои режими саҳюнистии Исроил ба Ғазза, гӯфт: “Амрико ҳар касеро, ки кӯшиш кунад қатли ом дар Ғаззаро маҳкум намояд ва аз он пешгирӣ кунад, иқдом ба таҳдид мекунад. Ин нишонаи фурӯпошии тамаддуни Ғарб аст”.
 
Маҳатир Муҳаммад таъкид кард: “Табиъӣ аст, вақте ки шумо бо беадолатии бузӯрг монанди қатли ом рӯ ба рӯ мешавед, бояд иқдоме кунед, вале чун пӯшти ин қатли ом қудрат ва ҳомие монанди Амрико вуҷӯд дорад, ҳеҷкас ва ҳеҷ қудрате наметавонад коре бикунад”.
 
Сарвазири собиқи Малайзия бо ишора ба аз байнравӣ ва камрангии арзишҳои ахлоқӣ дар миёни сарони кишварҳои ғарбӣ гӯфт, ки онҳо ҳоло “рафторҳои ибтидоӣ” аз хӯд нишон медиҳанд. Амрико ҳаргиз улгӯ ва намунаи ҳуқӯқи башар ва инсондӯстӣ барои ҷаҳон нест.
 
Маҳатир ҳамчунин Созмони ҳамкории исломиро бо далели нотавонӣ дар иқдоми таъсирнок дар масъалаи Фаластин муттаҳам карду фармӯд: “То он даме, ки якдилӣ байни аъзо вуҷӯд надошта бошад, ин созмон наметавонад коре анҷом диҳад ва ҳамеша ихтилофи назарҳое вуҷӯд дошта аст, ҳатто вақте ки масъалаи режими саҳюнистии Исроил ба миён омадааст”.
 
Албатта дар ин солҳои охир мутафаккирон ва сиёсатмадорони зиёде барои зери по гӯзоштани ахлоқу қонунҳои байналмилалӣ, аз сӯи сарони кишварҳои ғарбӣ ҳӯшдор додаанд. Аммо ку гӯши шӯнаво, ки ин ҳӯшдорҳоро ҷиддӣ бигиранд ва то инки мо шоҳиди ҷанги сеюми ҷаҳонӣ набошем.


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст