Ба гӯзориши хабаргӯзории меҳр, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо мардуми Қум, ба муносибати рӯзи таърихии қиёми 19 дей(моҳи шамсӣ) дидор намуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо ишора ба ҳаводиси дишаби кишвар, фармӯд: Дишаб дар Теҳрон ва баъзе ҷойҳои кишвар як мушт харобкор омаданд ва сохтмонҳои кишвари хӯдашонро хароб карданд, то инки дили раисиҷумҳури Амрикоро шод ва хӯшҳол кунанд. Чунки Ӯ(раисиҷумҳури Амрико) як гапи ҳавоӣ ва берабте ҳам гӯфта буд, ки агар чунончи давлати Эрон шуморо(харобкоронро) чунин кунад, ман меоям пушти шуморо мегирам ва ин харобкорҳо ва инсонҳои зараррасон барои кишвар ҳам дилашон ба он(ваъдаи раисиҷумҳури Амрико) хӯш аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзӯданд: Ӯ(раисиҷумҳури Амрико) агар метавонад, кишвари хӯдашро идора кунад, дар кишвари хӯдаш мушкилот ва ҳодисаҳои гуногуне вуҷӯд дорад. Ӯ(раисиҷумҳури Амрико) дасташ ба хӯни беш аз ҳазор Эронӣ олӯда аст ва дар ҷанги давоздаҳ рӯза беш аз ҳазор нафар аз ҳамватанони мо ҳоло ғайр аз сардорон, донишмандон ва бузӯргони ин миллат ба шаҳодат расиданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон таъкид карданд: Ин шахс(раисиҷумҳури Амрико) хӯд гӯфт, ки ман дастур додам, ман дар ҷанг фармондеҳи кардам, пас эътироф кард, ки дасташ ба хӯни Эрониҳо олӯда аст ва онвақт боз мегӯяд ман тарафдори миллати Эронам. Як мушт одами бетаҷриба, ноогоҳ ва бефикр ҳам бовар мекунанд ва қабӯл мекунанд ва тибқи майли Ӯ(раисиҷумҳури Амрико) амал мекунанд. Сатли ошғолҳоро оташ мезананд то Ӯ(раисиҷумҳури Амрико) хӯшаш биёяд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид намуданд: Ҳама бидонанд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо хӯни чандсад ҳазор инсони шариф рӯи кор омада аст ва дар муқобили касоне, ки харобкорию вайронӣ кардаанд, Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯтоҳ нахоҳад омад ва муздӯрии бегонагонро таҳаммул нахоҳад кард. Шумо ҳаркасе мехоҳӣ бош, муздӯри бегона шудӣ, барои бегона кор кардӣ ва миллат туро мардӯд медонад ва низоми исломӣ ҳам туро мардӯд медонад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон фармӯданд: Он бобое (раисиҷумҳури Амрико), ки бо кибру ғурӯр нишаста, барои ҳамаи дӯнё амру қазоват мекунад, Он(раисиҷумҳури Амрико) ҳам бидонад, ки маъмулан ситамгарон ва зургӯёни олам монанди Фиръавн, Намрӯд, Ризохон ва Муҳамадризо(шоҳ) ва дигарон, вақте ки дар авҷи ғурӯру мастӣ буданд сарнагӯн шуданд, ин ҳам сарнагӯн хоҳад шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар охир таъкид намуданд: Ҷавонони азиз, динатонро, фикру ҳӯшёрии сиёсиатонро, ҳузӯратонро, омодагиатонро, кӯшишу ҷиддиятатонро дар амри ваҳдат ва пешрафти кишвар ҳифз кунед, чунки миллати якпорча ва муттаҳид бар ҳар дӯшмане пирӯз хоҳад шуд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст