Ҳазорҳо нафар аз мардуми дилсӯзи ҷаҳон барои эъломи ҳимоят ва ҳамбстагӣ бо миллати мазлуму бепаноҳи Фаластин ва Ғазза тазоҳурот карданд ва хостори иқдоми фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таваққуфи ҳамалот ва ҷиноёти режими Исроил бар зидди миллти мазлуми Фаластин шуданд.

Мардум бо барпоии роҳпаймоии ҳимояти инсондӯстонаи худро аз миллти мазлуми Фаластин эълом карданд. Ҷиноятҳо ва бомбаборонҳои бераҳмонаи артиши Исроилро бар сари занону кӯдакон ва сокинони ғайринизомии бепаноҳи Фаластин ва Ғазза маҳкум карданд.

Ин роҳпаймои густардаи мардумӣ дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ва Фаластин дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ироқ, Туркия, Урдун, Яман, Кувейт, Тунис, Индонезия, Малайзия, Қатар, Карея, Япония, қорраи Аврупо, Нидерланд, Испания, Фаронса, Англис, Олмон, Австралия, Аргентина, Боливия, Бразилия, Венесуэла, Куба, Бразилия, Амрико, Африқо, ва... аз замони оғози ҷанг то ҳоло баргузор мешавад ва рӯз ба рӯз хашми оташини мардуми дилсӯзи ҷаҳон бо рехтани хӯнҳои поки занону кӯдакони бепаноҳи Ғазза бештар мегардад.


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст