Рӯзи 21 декабр ҳамин, ки офтоб ғурӯб намояд, «Шаби Чилла» ё ҳамон «Шаби Ялдо» медарояд. Мо тоҷикон «Шаби Чилла»-ро пеш аз он, ки аз касе ёд бигирем ва бо он ошно шавем, аз падаркалону модаркалонамон ё ҳамон бобоҳою бибиҳоямон ёд гирифтему фаҳмидаем. Ёдамон ҳаст, ки шаби чилларо бобоҳою бибиҳоямон ба нақл кардани достонҳою афсонаҳо дар шабҳои аввали зимистон бароямон ёдоварӣ менамуданд. Аммо инро ба сурати илмӣ ва пажӯҳишӣ намедонистем, ки шаби аввали зимистон ё шаби чилла решаи тамаддӯнӣ ва таърихии чандҳазорсола дар миёни қавмҳои Форсу Ориёӣ ба хусӯс Эрониён, Тоҷикону Афғонҳо дорад.
  
  Дар ин рӯз, яъне 21 декабр табиат рӯзи кӯтоҳтарини хӯдро ба поён мерасонаду шаби дарозтарини хӯдро оғоз мекунад. Ин дигаргӯнии шабу рӯз аз назари илми табиатшиносӣ ва кишоварзӣ низ дорои арзишу аҳамият аст. Ба ҳамин хотир аз қадимулаём қавми Форсу Ориёӣ барои хӯд тақвим ва солшумореро доштанд, ки дар он баъзе аз замонҳоро монанди омадани баҳор ва зимистон, ки монанди наврӯзу шаби чилла ҷашн хоссе мегирифтанд.
 
 Албатта дар миёни ҳамаи қавмҳои Форс шаби чилла ҷашн гирифта мешавад ва дорои аҳамият аст, вале каму зиёдӣ ва чигӯнагии ҷашну расму одоби он бо ҳам тафовутҳои доранд. Масалан дар Эрон дар «Шаби Чилла» ё «Шаби Ялдо» суфра ва дастархоне бо анори донашуда, ки меваи биҳиштӣ маҳсуб мешавад ва аз намоди баракату борварӣ ва ранги сурх паёми рӯзҳои равшан аст, боз мекунанд. Тарбуз ҳам нишонаи меваи тобистонӣ аст, ки нӯрҳои хуршед, гармову баракатро то оғози зимистон ва дастархони ин шаб меорад. Меваҳои рангаш сурху норинҷӣ аз ҷӯмла себу гелосу хӯрмову мандарин ва донагиҳо аз чормағзу пиставу фундуқу бодом дар суфра мегузоранд. Ҳамчунин дар ин дастсрхони шаби чилла ё ялдо китобҳои “Шоҳнома” ва ғазалиёти Ҳофизро мегузоранд, зеро ин қавми Форс дар ин шаб шоҳномахонӣ ва фоли Ҳофиз мегиранд ва ин ҷашнро бо илму насиҳат гиреҳ мезананд, ки дастархонашон аз сӯханони бузургонашон холӣ набошад. Ҳар хонавода бо хешовандони хӯд гирди дастархони ин шаби чилла ё ялдо ҷамъ мешаванд ва шеъру достонҳои Шоҳнома ва ғазалҳои Ҳофизро бо ҳам мехонанд ва фарҳангу одоби ниёгони хӯдро ёдоварӣ ва тақвият мекунанд. Навъе ин ҷашнро ба тақвияти ҳуввияти миллӣ ва тамаддӯнӣ табдил мекунанд. Мешавад гӯфт, ки ин ҷашн решаи динӣ ва пайванд задани хешовандонро ҳам дорад, ки бояд таҳқиқ шавад ва ҷои диққату кори зиёд дорад.

 Аммо дар Тоҷикистон ҳарчанд ин ҷашн бо далелҳои гуногӯн дар сад солаҳои охир фарозу нашибҳоеро гӯзаронда аст, вале боз ҳам онро фаромӯш накардаанд ва пос медоранд. Мардӯми тоҷик дар ҳар минтақа мумкин аст, расму одоби махсӯсеро барои шаби чилла дошта бошанд, вале мо то онҷое ки огоҳӣ дорем, онро баён мекунем ва такмил намӯдани ин баҳсро ба аҳлаш вомегӯзорем, ки ин хеле ҷои таҳқиқу мӯтолиъа дорад. Ба ҳар ҳол барои шаби чилла дар Тоҷикистон мардӯм шириниҳое бо шаклҳои гуногӯн мепазанад ва дастархони зимистонӣ паҳн мекунанд, ки дорои донагию пистаю чормағз ва меваҳои гуногӯн ба хусӯс тарбуз, анору себ ва ғайра аст. Баъзе аз мардӯм ҳам ба рӯи ҳавлиҳои хонаҳояшон гандуму донагӣ мепошанд, ки парандагонро ҳам навъе пазироӣ кунанд. Хӯлоса дар ин шаби дарози сол ба фикри дигар мавҷӯдот ва дилсӯзӣ кардан ба онҳо ҳам ҳастанд, ки накунад гурӯсна бимонанду сармо бихӯранд. Хонаводаҳои тоҷик дар ин шаби чилла ва ё чиллаи калон шабнишинӣ мекунанд ва баъзеҳо дар гирди сандалӣ (василаи гармидиҳанда) ҷамъ мешаванд ба нақли афсонаву ривоятҳои қадимию таърихии хӯд мепардозанд. Дар ин ривоятгарӣ нақши бузӯргоне ҳамчун падаркалону модаркалонҳо хеле пӯрранг аст, чунки онҳоро инсонҳои огоҳи солдида ва интиқол диҳандагони мероси ниёгон медонанд. Сӯханонашон ончунон дилчасб ва пӯрмағз аст, ки ҳатто ҷавонони камсаводу хӯрдсол ҳам ба хӯбӣ гӯш мекунанду таъсир мепазиранд. Боз ин фарзандону наваҳо бо ифтихор сӯханони шӯнидаи аз бобову бибиҳоро ба дигарон нақл мекунанду ва лаззат мебарнд. Яъне ҷамъ шудани ҳар хонавода дар шаби чилла лаззаташ бо сӯханронӣ ва нақлҳои бобоҳою бибиҳост.
 Албатта бояд инро пазирӯфт ва ҳеҷ ҷои ору нанг ҳам нест, ки мо мардӯми тоҷик ростгӯем ба ҳар далеле ки бошад, аз ниёгонамон ҳамчун Фирдавсию Ҳофиз, Саъдию Рӯдакӣ ва дигарон дӯр шудем ва дар зиндагиамон сӯханонашон дида намешавад. Навъи зиндагӣ, гӯфтору рафторамон бо ин бузӯргон хеле фосила дорад. Бояд як фикри дақиқи таърихӣ ва тамаддӯнӣ кард, ки мо дар куҷои дӯнё қарор дорем ва бузӯргони мо ба куҷоҳо расиданд, ки ҳанӯз ҳанӯз аст, ҷаҳониён шогирдии онҳоро мекунанд.

  Дар Афғонистон низ ҷашни «Шаби Чилла» ё «Шаби Ялдо» бо вуҷӯди фарозу нашибҳои рӯзгор боқӣ монда аст. Дар ин шаб дастархони пӯр аз ғизо ва меваҳои гуногӯн паҳн карда мешавад, анорҳоро дар сабад мечинанд, ки ба қавле намоде аз чархаи ҳаёту зиндагиянд. Сипас, дар ин шаби тулонӣ то дами сӯбҳ бо меҳмонҳо ба шунидани достонҳои қадимӣ ва қиссаҳои аз даврони кӯҳан гӯш медиҳанд. Ҳадя додан ба арӯсу домод ҳам аз суннатҳои қадимии ялдои ин минтақа мебошад.
Шаби Чилла ё шаби ялдо дар миёни миллатҳои дигар аз ҷӯмла мардӯми рус ҷойгоҳе дорад ва шоирону нависандагони рус низ монанди Александр Пушкин ва Михаил Шолохов дар бора шабҳои дарози сол ва ҳиҷрон шеърҳо гӯфтаанд.

  Ногӯфта намонад, ки ҳар анъана ва ҷашнеро, ки дар он маъсияти Худованд сурат нагирад ва нафъи оқилона ба мардӯм дошта бошад, дини ислом рад ва манъаш намекунад, балки онро дар ростои таълимоту фарҳангӣ инсонсозу тамаддӯнсози хӯд тақвият мекунад. Бинобарин мо бо гӯфтугую ақлоният хӯшунату ҷаҳолатро аз байн мебарем ва тамаддӯни таъолибахши ҷаҳониро бо фарҳангу тамаддӯни ғаниамон рақам мезанем.



@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст