Ҳар рӯзе, ки Худованд дар он нофармонӣ нашавад он рӯз ИД аст
Ислом ба зоти худ надорад айбе
ҳар айбест дар мусалмонии мост!
Ислом дини мубин ва аз рӯзи беъсати расули хотам то рӯзи мавъуд ҳодӣ ва роҳнамои башарият аст. Агар бар ин ақида бошем пас бояд барои зиндагии иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии мо ҳам барнома дошта бошад! ҳол метавонад касе иддао кунад, ки дар ин дин ниёзҳои фитрии инсоният нодида гирифта шуда аст?!
Яке аз ниёзҳои фитрии инсон, ки дин на мухолифат, балки роҳнамоиҳам дошта аст ҷашну сурурҳои миллию мазҳабӣ ба ҷиҳати бо нишоту сарзинда гаштани ҷомеъаи исломӣ ва анҷоми вазоифи динии худ дар ростои хидмат ба миллату давлаташон аст. Давлату миллате, ки худопарастиро сарлавҳаи зиндагии худо доранд бояд бидонанд ва медонанд, ки дар ислом натанҳо барои рӯзҳое ҳамчун РӯЗИН ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ, РӮЗИ ИЗДИВОҶУ ТУЙ, РӮЗИ ИДУ СУРУР, ва... мухолифате надорад, балки онро сабаби рушди дустию наздикӣ дар роҳи анҷоми вазифаи бандагии Худованди Маннон медонад ва онро ба унвони СИЛАИ РАҲИМ дар канори фароизу вазоифи динӣ матраҳ намуда аст.
Яке аз ҷашнҳо ва рӯзҳое, ки бо таассуф охирҳо дар байни миллати мусалмони моҳам зиёд шуда аст рӯзи Зан ё Модар аст! рӯзе, ки бо таассуф касе аз моҳияту ҳақиқати он ва ҳатто ин, ки аввал бо чи ҳадаф буд ва баъдҳо бо чи ҳадафе густариш дода шуд ва пушти саҳнаи он чистро барои мо ошкор накарда аст ва агар ҷое ҳам инкор шуда бошад чунон таваҷҷуҳ намегардад.
Албатта шахсан ин боварро дорам, ки сабаб аз бетаваҷҷуҳии мардум ин бошад, ки нақд кунандагон ва касоне, ки ин гуна маросимҳоро рад мекунанд ҷойгузине барои он матраҳ намекунанд ва ҳамчун даҳҳо ҳароме, ки мардумро аз он манъ мекунем ва ҷойгузине барояш надорем! гуруҳе аз шинидани он мегурезанд. Чи беҳтар буд олимони динии моҳам бо шинохти амиқи дин ва миллат роҳкорҳои худро ироа намоянд.
ҲАҚИҚАТ ИН АСТ, КИ КАСЕ ИДДАО НАДОРАД ДИНИ ИСЛОМ МОНЕИ ЗИНДАГИИ ФАРҲАНГИЮ МИЛЛӢ БО ҶАШНУ СУРУРҲОИ МАҲАЛӢ АСТ!, БАЛКИ ДАР ЧОРЧУБАИ ДИН РОҲКОР ДОШТА ВА ДОРАД. ПАС БОЯД РОҲКОРУ РАФТОРИ ИСЛОМИ ҲАМ БАЁН ГАРДАД ТО ЗИНДАГИИ БЕГОНАГОНРО САРЛАВҲАИ ЗИНДАГИИ ХУД ҚАРОР НАДИҲЕМ.
Гуянда ба ин ақида аст, ки рӯзҳое ҳамчун РӯЗИ ПАДАРУ МОДАР ва ҳатто РӯЗИ ЗАНУ МАРД дар ислом замина дорад. Ҳамчун рӯзҳои ТАВАЛЛУДУ ИЗДИВОҶИ РАСУЛИ ХУДО(с) ВА БИБӢ ХАДИҶАИ КУБРО, ки метавонад истифодаҳои беҳтаринро дар роҳи густариши фарҳангу боварҳои Исломӣ ва аз тариқи баргузории маросими бузургдошт ва додани ҳадя ва табрикот ба занону мардон ва падарону модарон ва ёдоварии шахсияти он инсонҳои худоӣ дигаронро ба пайравии беҳтар аз онҳо роҳнамои намоем.