Ман ва қаҳрамони зиндагиям

         Ман акнун 4 солаам, ва мегӯям, падарам беҳтарин аст!

          Ман акнун 6 солаам, падарам ҳамаи мардумро мешиносад!

         Ман акнун 10 солаам, падарам олӣ ва бемонанд аст! Вале каме бадахлоқ аст!

         Ман акнун 12 солаам, вақте бача будам, падарам хеле бо ман меҳрубон буд!

         Ман акнун 14 солаам, падарам кам-кам ба ман ҳасос мешавад.

        Ман акнун 16 солаам, падарам наметавонад бо насли имрӯз ва асри мо созгор бошад!

         Ман акнун 18 солаам, падарам рӯз ба рӯз сахтгиртар мешавад!

        Ман акнун 20 солаам, дигар таҳаммули рафтори падарамро надорам ва рафтораш қобили бахшиш нест, тааҷҷуб мекунам модарам чигуна дар ин мудат тавонистааст ӯро таҳаммул кунад!

        Ман акнун 25 солаам, ҳар коре мекунам падарам дахолат мекунад, ман ва падарам ба сахти метавонем бо ҳам ба тафоҳум бирасем!

       Ман акнун 30 солаам, Тааҷҷуб мекунам! Яъне падари падарам ҳам аз дастӣ падарам вақте ки ҷавон буд ин қадар сахтӣ мекашид?.

‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‍‌‍‌     Ман акнун 40 солаам, Падарам маро дар зиндгӣ, бо шароит ва қавонини зиёде тарбият крадааст ва ман ҳам бояд фарзандонамро бо равиши падарам тарбият кунам!

       Ман акнун 45 солаам, ман ҳайрон мондам, чигуна падарам тавонистааст ҳамаи моро тарбият ва бузург кунад.

        Ман акнун 50 солаам, тарбият ва назорат кардани бачаҳо хеле мушкил аст, ҳоло медонам падарам барои тарбият ва нигаҳдории мо чиқадар ранҷу машақатро таҳаммул кардааст?

       Ман акнун 55 солаам, падарам хеле дурандеш ва оянданигар буд ва барои хушбахтии мо хеле барномаҳо ва орзӯҳо дошт, ӯ воқеан  меҳрубон буд.

          Ман акнун 60 солаам, падарам беҳтарин аст!

          Ин чархиши комил 56 сол тӯл кашид, то дубора ба шурӯи он (сини 4 солагӣ) бирасад.

Падарам беҳтарин буд.

           То дер нашудааст ва фурсатҳо аз даст нарафтаанд ба падару модар некӣ кунем ва аз Худо бихоҳем, ки фарзандони хубе барои онҳо бошем, то фарзандонамон беҳтар аз ончи, ки мо бо онҳо рафтор кардем бо мо рафтор кунанд.

         Паёми марде, ки ҳамаи ин мароҳилро дар зиндагӣ таҷриба кардааст ва онро дар чанд ҷумла ва хат барои мо навишт, то ибрате бошад барои ин ки диққат ва таваҷҷӯҳи бештари нисбат ба падарону модарони худ дошта бошем.

             Нукта ва паём:

          Ин воқеияти зиндагӣ хеле аз афрод аст, албата умумият надорад ва наметавон гуфт ҳамаи инсонҳо чунин ҳастанд. Нигоҳ ва боварашон ба падари худ чунин буда ва ҳаст, чаро ки хонаводае, ки бар асоси равишҳои дуруст ва саҳеҳ тарбият мешаванд, чунин мароҳилеро надоранд ва падар барои ҳамеша қаҳрамони зиндагии фарзанди худ мемонанд.

          Агар падару модар, зану шавҳар дар хона бо эҳтиром ба ҳамдигар рафтор кунанд ва шахсият ва обрӯи ҳамдигарро аз байн набаранд, барои ҳамеша барои фарзандон қаҳрамон ва улгӯ мемонанд.

          Гоҳе вақтҳо мехоҳи барои дигарон муҳаббат ва алоқаӣ худро исбот кунед, вале ҳар коре кунед намтавонед. Ӯ заҳматҳо ва дилсузиятро дарк намекунад, вале мурури замон ва гузашти умр инро собит мекунад. Ҳамон тавре ки дар достон омадааст, беш аз панҷоҳ сол гӯзашт, то ин ки мутаваҷҷеҳ шавад, ки падараш чи дилсӯзона барои ӯ ва тарбияташ заҳмат мекашидааст, кифоят мекунад, ки инсон нигоҳ ва фикри худро нисбат ба дигарон тағйир диҳад, то замоне ки мутаваҷҷеҳ шавад, ки дигар дӯст ва азизеро аз даст дода бошад ва ғам хурдан фойдае надошат бошад.   

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст