Ба гузориши манобеи хабарӣ, Владимир Путин раисҷумҳури Руссия шомгоҳи душанбе гуфт, ки муноқишаи тӯлонимуддат дар Фаластини ишғолӣ, шароити як фоҷиаи инсонии воқеиро пайдо кардааст.

Владимир Путин тайи маросиме дар Кремл тавзеҳ дод: «равобити байналмилал дар давраи бисёр душворе ба сар мебарад, ки дар он бӯҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст».

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, вай ҳамчунин афзуд, ки Руссия омодаи ҳамкории наздик бо тамоми кишварҳои дӯст барои ҳали мушкилоти муҳимми минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст.

Владимир Путин чанде пеш дар паёме ба муносибати рӯзи ҷаҳонии ҳамбстагӣ бо мардуми Фаластин, тасреҳ кард, ки ташкили як кишвари мустақили фаластинӣ бар асоси марзҳои 1967 яке аз аслитарин шартҳо барои барқарории сулҳи мондагор ва одилона миёни Фаластин ва режими саҳюнистӣ аст.

Пеш аз ин низ “Дмитрий Чумаков” муовини намояндаи Руссия дар Созмони Милал зимни тавсифи ҷанги Ғазза ба унвони «як даргирӣ дар миқёси бесобиқа», гуфт, ки хатари густариши он кулли минтақаи ғарби осиёро таҳдид мекунад.

Аз сӯи дигар, “Анатолий Викторов” сафири Федератсияи Руссия дар Фаластини ишғолӣ ҳам зимни ишора ба ҳимояти Руссия аз вақфаи башардӯстонае, ки дар Навори Ғазза барқарор шуда, аммо гуфт, ки Маскав хостори доимӣ шудани ин оташбас аст.

Йошка Фишер, вазири хориҷаи собиқ ва муовини собиқи садри аъзами Олмон ҳам гуфт: “Даргириҳо дар Ғазза ин зарфиятро дорад, ки кулли минтақаро вориди ҷанг кунад ва дар ҳоли ҳозир метавон гуфт, ки мо як қадам бо ҷанги

ҷаҳонӣ фосила дорем.”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст